Кормандони раёсати мубориза бо фасоди Тоҷикистон як ҷарроҳи бемористони марказии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Фаридун Мирзоевро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт карданд.
"Барои сохтан ва додани санади қалбакии тиббӣ дар бораи корношоямии яке аз сарбозон, табиб аз волидайни сарбоз 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба Мирзоев муяссар шуд, ки аз модари сарбоз 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва 2 ҳазор сомонӣ гирад", - иттилоъ медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.
Гуфта мешавад, духтури ҳарбӣ ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда - 8 ҳазор сомонӣ пора дастгир карда шуд.
Нисбати Мирзоев бар асоси моддаи 324, қисми 1 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ӯро то ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста