Вазири корҳои дохилии Эрон Раҳмони Фазлӣ шаби гузашта бо сафари кории дурӯза ба Душанбе ташриф овард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Вазири корҳои дохилии Эронро имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Дар назар аст, ки ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабаргузории эронии ИРНА, Раҳмони Фазлӣ бо даъвати ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзода ба Тоҷикистон омадааст ва имрӯз ҷонибҳо дидору гуфтушунид мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки Эрон яке аз аввалин кишварҳоест, ки ба Тоҷикистон дар мубориза бо сирояти коронавирус кумак кард: аввали моҳи майи соли гузашта Теҳрон барои муқовимат бо COVID-19 ба Душанбе 8,5 тонна маводи тиббӣ фиристод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.