Расонаҳои Афғонистон ҷузъиёти боздошти 15 миллион доллар ва 90 кг тилло дар фурудгоҳи Душанберо расонаӣ кардаанд, ки бино ба гузориши телевизиони "1"-и ин кишвар ин тиллову долларҳо марбут Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини якунми Маҷлиси Намояндагон (Вулуси Ҷирга)-и ин кишвар будаанд. Ин миқдор тиллову долларр ва 7 нафари дигарро бо гумон даст доштан дар ин қочоқ Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт карда буд, ки ахирин ҳодисаро Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасдиқ кард.

Худи Мирзо Катавозай ин шабу рӯзҳо дар Тоҷикистон дар ҳайати ҳамроҳ бо раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ, ки бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, қарор дорад. Ӯ дар як суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигорони тоҷик дар Сафорати Афғонситон дар Душанбе гуфт, ки як овоза аст ва ӯ ҳеч рабте ба ин тиллову долларҳо надорад. Ӯ ба суолҳои  хабарнигори Тоҷикистон чунин посух дод:

-Баъзе аз расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки 90 кг тилло ва 15 млн доллар ба шумо тааллуқ дорад, дар ин бора чӣ назар доред?

-Ин гуна чиз вуҷуд надорад!

-Яъне шумо ин ҳамаро беасос медонед?

-Ин гуна чиз ҳеҷ вуҷуд надорад, ман як сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир!

-Ба гуфтаи бархеҳо сафари шумо ба Тоҷикистон ба хотири ҳалли ин масъала аст?

-Беасос аст!

-Оё шумо ин хабарро аз расонаҳо хондед?

-Ҳамаагӣ хато аст, овоза аст!

Катавозай бо сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ

Телевизиони "1"-и Афғонистон  дар нашри хабарии шоми 27-уми феврали худ бо такя ба манобеи худаш дар ниҳодҳои амниятиву интизомии Афғонистон ин миқдор тилло ва долларро ба муовини якуми Маҷлиси намояндагони Афғонистон Муҳаммад Мирзо Катавозай нисбат дода, гуфтааст, ки "Маҷлиси сано (Маҷлиси миллӣ)-и Тоҷикистон дар як гузориши маҳрамона ба мақомҳои ин кишвар аз ин моҷаро парда бардоштааст".

Зоҳиран ин ишораи Телевизиони "1"-и Афғонистон ба гузориши Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, ки Додситони кулли Тоҷикистон дар мавриди ин қазия ва гуруҳи қочоқбар гуфта буд: 

“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта, мусодира гардид”, - гуфта буд Юсуф Раҳмон. Додситон маблағи умумиро зиёда аз 10 миллион доллар гуфта буд. 

Телевизиони "1"-и Афғонистон дар ин гузориши пурсарусадояш, ки дар Афғонистон ҳангомаҳое барпо кардааст, хабар медиҳад, ки дар баробари боздошт шудани кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, ҳамчунин "ҳамкорони афғонистонии ин шабака низ дар Тоҷикистон боздошт шудаанд". Аммо рӯшан нест дубора раҳо шудаанд ё ҳанӯз дар зиндонанд.

То кунун назари худи Катавозай дар мавриди ин қазия ба расонаҳо дастрас нашудааст, навиштааст ин расона ва гуфтааст, ки ин вакили маҷлис ба зангҳои телефонии кормандони он посух надодааст.

Ин расонаи Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки ин узви маҷлис барои раснаӣ нашудани ин мавзуъ талошҳои пайвастае доштааст. Аз ҷумла, расона аз як мулоқоти ба назари онҳо машкуки Катавозай бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ дар ин гузориш мегӯяд.

Дар ин гузориш бо нашри аксе аз як мулоқоти Катавозай бо Саъдӣ Шарифӣ гуфта мешавад, ки "шояд ин дидори ӯ бо сафири Тоҷикистон дар меҳвари ҳамин мавзуъ буда бошад. Дар ин дидор коргузории парчамҳои ду кишвар ҳам ғайримаъмул ба назар мерасад".

Дар акси ин дидор, ки Телевизиони "1" нашр кардааст, дида мешавад, ки парчамҳои Тоҷикистону Афғонистон бар хилофи урфи дипломатӣ дар ду тарафи Катавозай ҷогузорӣ шудаанд, на дар пеши ҳар кадоме аз мақомҳои ҳар ду давлат. 

Ба гуфтаи Телевизиони "1" Катавозай пеш "талош карда буд дар таркиби ҳайати давлатӣ ба Тоҷикистон сафар ва ин мавзӯъро яктарафа кунад, ки мақомҳо ба рафтан ӯ дар ин сафар мувофиқат накардаанд". 

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳайтаи раҳбарӣ ва аъзои дигари Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз ин моҷарои ҳамқатарошан огаҳӣ доранд, вале нахостанд, ки ҳамагонӣ шавад. 

Ахиран вуҷуи ин ҳодиса ва бархе ҷузъиёти ин қазияро Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарии худ тасдиқ ва шарҳ дода буд.

18 феврал, сардори Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳмонзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” гуфта буд. 

“Қочоқбарон як миқдор тиллову асъорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, мехостанд минбаъд ба Дубай баранд”, - гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели даст доштан дар қочоқ 7 нафар, аз ҷумла 3 корманди гумрук низ боздошт шудаанд. “Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад”, - илова кард номбурда.

Ин таъйиди хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҳолест, ки бори нахуст дар ин маврид 26 ноябри соли гузашта "Бомдод" хабар дода буд. Ин манбаъ он замон гуфта буд, ки ин гуруҳи қочоқбарро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт кардааст, ки дар миёни онҳо фарзандони раиси пешини кони тиллои Шугнов низ будаанд. 

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ҷуз таъйиди ин хабар дигар маълумоте дар ин бора пешниҳод накардаанд ва аз шарҳи ин қазия ҳам бо расонаҳо худдорӣ кардаанд. 

Телевизиони "1" дар ин гузориши худ ҳамчунин ба вуҷуди як шабакаи қочоқбаре, ишора мекунад, ки аз тариқи Покистону Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон риёлҳои қочоқии Арабистону Саудиро ворид мекунанд, ки аз ин ҷойҳо ба Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб қочоқ мешаванд. 

"Зоҳиран дастҳои пинҳони зиёде пушти ин парванда вуҷуд дорад: аз пулис гирифта то мақомҳои маҳаллӣ ва марзӣ".

Ин расонаи Афғонистон мегӯяд, ки давлати афғонистон аз ин парвандае бо ин бузургӣ хабар доштааст, вале онро пинҳон нигоҳ доштааст. 

Додситонии кулли Афғонистон бино ба гузориши ин расона за ин мавзуъ изҳори бехабарӣ кардааст, вале Вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфтааст, ки дар пайи гирдоварии маълумот аст. 

Ин расона мегӯяд, ки ҳарчанд наздикони оқои Катавозай масъалаи қочоқи пули калонро ба Тоҷикистон рад мекунанд, аммо манбаъҳое ба он гуфтаанд, ки ин шабака танҳо ба қочоқи тилло ва доллар басанда накардаанд. 

"Инҳо бастаҳои пулии риёли Саудиро дар ҷойҳои вижжаи мутарҳои борбарӣ ҷобаҷо ва бо санадҳои тақаллубӣ ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қочоқ мекунанд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.