Ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон ва Раёсати амнияти дохилии Вазорати мудофиаи кишвар мавриди санҷиш қарор гирифтааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев.

“Рӯзи 23 феврал солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта шуда, дар қаламрави яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳри Ваҳдат байни сарбозон муноқишаи гурӯҳии лафзӣ сурат гирифтааст”, - гуфт ӯ.

Номбурда маълумоти ВАО-ро дар бораи ҷанҷолу занозании оммавӣ дар байни сарбозон рад кард:

“Ин асоси воқеӣ надорад. Ҳеҷ гуна ҷанҷол набуд ва мутаносибан касе боздошт нашудаву ягон парванда ҳам боз нашудааст”.

Маҳмадалиев қайд кард, ки бо супориши вазири мудофиаи Тоҷикистон сабаби муноқиша бо алфози қабеҳ нисбати ҳамдигар байни сарбозон санҷида мешавад.

Қаблан Радиои Озодӣ хабар дод, ки Додситонии ҳарбии Тоҷикистон наздик ба 10 сарбози Вазорати мудофиаро барои вайрон кардани "қоидаҳои оинномавӣ" дастгир карда ва аз рӯйи иттиҳоми эълоншуда ба онҳо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Зикр шуда буд, ки нисбат ба онҳо бар асоси қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Ин модда “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хидматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хидматӣ дар байни онҳо”-ро пешбинӣ мекунад.

Пайвандони яке аз сарбозони боздоштшуда гуфтааст, ки ҳамон рӯз байни дембелҳо (кӯҳнасарбозон) ва сарбозоне, ки як сол хидмат кардаанд, ҷанҷол шуда, кӯҳнасарбозони навбатдор омада, сарбозони яксоларо таҳқир мекунанд ва камераҳои назоратӣ ин ҳолатро сабт кардааст. Наворҳоро гирифта, ба бахши амнияти дохилии вазорат мефиристанд, ки омада чораандешӣ кунед.

Бо истинод ба волидони сарбозон Радиои Озодӣ менависад, фарзандонашон 24-уми феврали имсол ва як рӯз баъд аз иди Артиши Миллӣ боздошт шудаанд. Онҳо рӯзи 4-уми март қазияро ба Радиои Озодӣ хабар дода, омода буданд, ки суҳбати видеоӣ кунанд. Вале як рӯз пас гуфтанд, намехоҳанд, шахсияташон ошкор ва номашон зикр шавад, чун метарсанд, ин кор қазияи фарзандонашонро мушкилтар мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.