Баъди нашри хабари “Дар Ҷайҳун заҳкашеро пур кардаву заминашро барои хонасозӣ тақсим кардаанд”  дар "Азия-Плюс", Додситонии вилояти Хатлон санҷиш гузаронида, алайҳи раиси пешини ҷамоати Қумсангир, ки ҳоло раиси ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун мебошад ва муҳандиси заминдории ҳамин ҷамоат, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Додситонии Хатлон алайҳи раиси ҷамоат Муродалӣ Асақолзода бо модаи 247 қисми 3  банди”а” (қалобӣ) ва модаи 3381 банди “б,в” (ғайри қонуни додани қитъаи замин) КҶ ҶТ парвандаро боз кардааст.

Бино ба гуфти Рустам Сангинзода, сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини додситонии вилояти Хатлон, баъди нашри хабар дар бораи пур кардани заҳкаш ва тақсими он ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тибқи супориши додситони вилоят санҷиш гузаронида шуд.

“Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки Муродалӣ Асақолзода дар давраи раиси ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун кор кардан дар ду ҳолат аз шаҳрвандон бо ваъдаи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои масҷидҳои панҷвақтаи Суғдиён 50 ҳазор ва деҳаи Тоҷикистон 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Ба гуфтаи ин масъули додситонӣ, ҳамчунин санҷиш маълум кард, ки Муродалӣ Асақолзода бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз сокини деҳаи Ҷуйбори ҷамоати деҳоти Қумсангир Маҳмадалӣ Забиров 16 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар ҳамин ҳолат бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандиси заминдории ҳамин ҷамоат Фазлиддин Ғоибов ба Маҳмадалӣ Забиров 03, га замин ҷудо карда додаанд”,- гуфт Рустам Сангинзода.

Ба гуфти манбаъ алайҳи Фазлиддин Ғоибов низ ин ниҳод дар доираи парвандаи ҷиноӣ тафтишотро идома медиҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.