Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд алайҳи як зани ҷавони фурӯшанда, ки дар латукӯби зани фурӯшандаи дигар муттаҳам мешавад, бо ҷурми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ду фурӯшанда барои тиҷорате дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд даст ба гиребон шудаанд.

Ҷанҷоли ин ду савдогар дар назди маркази тиҷоратии “Барфак” воқеъ дар кӯчаи “Шарқ”-и шаҳри Хуҷанд, ҳудуди бозори Панҷшанбе “барои савдо” сар задааст.

Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ба далели ин ки парванда ниҳоӣ нашудааст, аз расонаӣ кардани номи онҳо худдорӣ мекунад. Ӯ гуфт, фурӯшандаи 32-сола бо як фурӯшандаи дигари 47-сола, ки ҳарду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, рӯзи 2-уми апрел даст ба авбошӣ задаанд.

“Ҳар дуи соҳибкорзанон барои савдо ҷанг кардаанд. Соҳибкорзани ҷавон дар пайи ҳиссиёти авбошӣ нисбати як соҳибкорзани дигари 47-сола суханҳои қабеҳ гуфта, ӯро латукӯб ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст”.

Мақомоти милиса рӯзи 13-уми апрел аз рӯйи ҳодисаи авбошӣ нисбат ба фурӯшандаи 32-сола бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.