Афроди ношиносе Қиём Гулови 30-соларо аз манзили иҷорааш дар Москва рабуда, ба Тоҷикистон бурдаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи "Медиазона", Гуловро дар Тоҷикистон дар кумаки молӣ ба террористон гумонбар медонанд.

Гуфта мешавад, ин сокини Тоҷикистонро 1 апрел рабудаанд. Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Гулов баъди 1 апрел ба кор набаромадааст ва соҳиби манзили иҷораи вай гуфт, афроде, ки ба суроғи Гулов омада буданд, шаҳодатномаи корманди ВКД Русияро нишон доданд.

Баъди панҷ рӯзи рабуда шудани Гулов кормандони пулиси шаҳри Душанбе ба падари вай занг зада, хабар доданд, ки писараш дар боздошт аст.

Қиём Гулов соли 2016 ба Москва барои кор рафтааст. Пайвандони вай хабар доданд, ки соли 2017 Қиём ҷавонеро дар манзилаш ҷо кардааст, ки мебоист, барои таҳсил ба Арабистони Саудӣ мерафт. Мақомоти Русия он ҷавонро дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ боздошт ва ба Тоҷикистон ирсол карданд.

Он ҷавони ирсолшударо дар Тоҷикистон дар тундгароӣ ва терроризм айбдор ва дар телефонаш аксҳои Қиёмро ёфтанд. Ба ҳамин ин тартиб, Гулов барои мақомоти Тоҷикистон дар "ҳамкорӣ бо террористон" гумонбар шуд, менависад нашрия.

Гуловро соли 2017 дар Русия боздошт ва ба ҳабс гирифтанд. Қиём Гулов дар маҷмуъ бештар аз ду сол дар ҳабсу дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳ дошта шуд.

Рӯзи 5 феврали соли 2019 Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо қарор кард, ки Гулов то 20 феврали соли 2019 аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда наметавонад. Ин муҳлат то анҷоми баррасии шикояти ӯ дароз карда шуд.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо бо аризаи яке аз тарафҳо моддаи 39-и регламент - чораҳои муваққатиро истифода бурда метавонад. Чораҳои муваққатӣ аксаран дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки агар ба аризадиҳанда ихроҷ ё истирдод таҳдид кунад ё ӯ аз мавриди шиканҷаву лату кӯби ҷисмонӣ, суди ғайримунсифона қарор гирифтан дар ватанаш нигаронӣ дошта бошад. Қоида дар замони баррасии шикоят дар Страсбург амал мекунад.

Вакилони мудофеи Қиём Гулов мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон ӯро бо моддаи "Зархаридӣ, омӯзиш, сармоягузории зархаридон" айбдор мекунанд. Ин модда аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Баҳром Ҳамроев, вакили мудофеи Гулов мегӯяд, дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ 200 тоҷикистониеро аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд, ки дар терроризм ва экстремизм айбдор мешаванд. Ҳуқуқшинос бар ин назар аст, ки ба ин васила Русия ба Тоҷикистон фишор меорад.

Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, Гуловро аз фурудгоҳи Домодедово бо ному насаби бегона ва завлона дар даст ба Тоҷикистон бурдаанд. Ӯ изҳор доштааст, ки ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо доир ба ин қонуншикании Русия мактуб фиристодааст.

Падари муҳоҷир Назар Гулов 500 километр дур аз Душанбе ба сар мебарад ва шоми рӯзи 8 апрел бо ҳамсараш ба пойтахт омадааст. Рӯзи дигар онҳо ба шуъбаи милитсияе рафтаанд, ки писарашон дар он ҷо будааст.

Ба гуфтаи онҳо, дидорбиниро ба онҳо бо писарашон бо баҳонаи ҳоло ба парванда таъин нашудани муфаттиш  иҷоза надодаанд. Дар шуъбаи милитсия ба онҳо гуфтаанд, ки ба писарашон вакили мудофеъ ёбанд. Ҳоло падару модари Қиём ба ӯ дастовез ё ба таъбири маъмул "передачка" мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.