Ду сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар сари якдигар корд кашидаанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо 12 захми корд дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ шудааст.
Бино ба иттилои ВКД ин ҳодиса 18-уми апрел соати 20.30 дақиқа рух додааст.
"Рӯзи 18-уми апрели соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Зафира», бо ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони пойи чапаш 1-маротиба задааст. Сипас, ҷавони 18-сола ба марди 32-сола дарафтода, бо истифодаи зӯроварӣ кордро аз дасти ӯ кашида гирифта, 12-маротиба ба аъзои баданаш задааст",- хабар додааст ВКД.
ВКД гуфтааст, ки ҷавони 18-солае, ки 12 маротиба корд задааст айни ҳол боздошт шуда ва алайҳи ӯ бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста