Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ронадаи автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро, ки “қаҳрамон”-и шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ба ҷавобгарӣ ҷалб кард.

Дар навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки дар роҳи шафати бозори “Корвон” автомашинаи “Лексус” нодуруст ба таваққуф гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ин амали ронанда, ки мошинро чунин гузоштаву пайи харидорӣ рафтааст, ба банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автобуси мусофирбар боис гардида, инчунин ба садҳо нафар мардум мушкил эҷод кардааст.

Пас аз нашри навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони милитсияи пойтахт муайян карданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи«Лексус», рақами давлатиаш 2777МА01 сокини 54-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Бахтиёр Сулаймонов мебошад.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ин нисбати шаҳрванд Бахтиёр Сулаймонов протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали ғайриқонунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.