Ду писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ дар як муноқишае бо истифода аз корд дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и пойтахт иштирок кардаанд. Алишер Гулови 24-сола дар Суғд боздошт шудаву бародари 29-солааш Диловар Гулов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Бародарон ба он гумонбар дониста мешаванд, ки шоми 16 май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и шаҳри Душанбе ба муноқиша пардохта, дар ҷараёни занозанӣ яке аз онҳо ба мизоҷи тарабхона бо корд зарба задааст.

Манбаъ дар бораи маҳз аз ҷониби кадоме аз бародарон бо корд зарба задан саҳеҳ маълумот надод.

Пас аз муноқиша бародарон Гуловҳо ҷойи ҳодисаро тарк кардаанд.

Алишер Гулов рӯзи 17 май дар қаламрави вилояти Суғд боздошт шуда, доир ба Диловар Гулов то ҳол ягон маълумот дастрас нест.

Аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.