Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳудуди 4 кило героинро дар фурудгоҳи Хуҷанд мусодира намуданд.

Дар ҷараёни амалиёти махсус дар қаламрави Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба гумони қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи шаҳри Душанбе Масрур Маҳмудов боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентӣ.

“Дар дохили ҷомадони бо худ доштаи Маҳмудов махфигоҳи махсусе ба таври устокорона сохта шуда, аз он 3 килову 860 грамм героин дарёфт шуд, ки ӯ онро бо роҳи ҳавоӣ ба Маскав бурданӣ буд”, - иттилоъ медиҳад маркази матбуотӣ.

Ба иттилои манбаъ, айни замон Маҳмудов ба ҳабс гирифта шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.