Шоира Юсупова, сокини шаҳри Душанбе нафареро, ки ба духтари ноболиғаш - дар рӯзи равшан ва дар ҷойи ҷамъиятӣ - дастдарозӣ кард, ба додгоҳ кашид. Шоира мегӯяд, то ба додгоҳ бурдани ин қазия агар аз як сӯ ҳимоят аз духтари ноболиғаш буд, аз сӯи дигар ангезаи беҷазо намондани омили дастдарозӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои эҳтимолии баъдӣ ӯро водор ба ин иқдом кард.

Дар ҳоле, ки назари муттаҳам дастрас нест, додгоҳ пойафзолфурӯши бозори “Корвон” Р.М.-ро айбдор дониста, 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Дурбинҳои наворбардорӣ шаҳодат медиҳанд

Ин ҳодиса тобистони соли 2018 рух додааст. Шоира мегӯяд, дар ибтидои моҳи июни он сол ҳамроҳ бо духтараш Ширин (ном иваз шудааст), ки он замон ҳамагӣ 11 сол дошт, барои хариди пойафзол ба бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе рафт. Модару духтар мехостанд, ду ҷуфт пойафзоли тобистона бихаранд.

“Вақте аз растаи пойафзолфурӯшӣ мегузаштем ва пойафзоли писанду мувофиқ меҷӯстем, духтарам бо ранги парида ва ҳарос гуфт, ки фурӯшандае даст ба думбааш задааст. Гуфтам, кадомаш? Ҷавонеро, ки 5-6 қадам дуртар истода буд, нишон дод”, - нақл кард Шоира.

 Юсупова мегӯяд, бо шунидани ин хабар хун дар сараш задаву бо ҷавони пойафзолфурӯш “қад ба қад” шудааст.

“Аз он ҷавон пурсидам, ки чаро ин корро кардааст? Гуфт, чунин қасде надошт ва танҳо қуттиҳои пойафзолҳоро ҷо ба ҷо мекард, ки нохост дасташ ба бадани духтари ман расидааст. Вале сарфи назар аз ин хеле дашному ҳақоратгӯӣ кардем. Ман дар ҳолати шок будам ва худамро наметавонистам идора кунам”, - илова кард Шоира.

Модару духтар аз растаи пойафзолфурӯшӣ дуртар рафтанд ва Шоира бори дигар аз Ширин пурсид, ки “он ҷавон қасдан ба ӯ даст расондааст ё ноогоҳона”.

“Духтарам гуфт, ки қасдан даст расонидааст. Ҳар ду ба суроғи нозири бозор рафтем. Аз ман хостанд, ки баёнот нависам. Дар баёнот ҳамаи буду шуди ҳодисаро баён кардам. Ҳамроҳ бо нозир ва кормандони дигари милисаи бозор ба дидани сабти дурбинҳо рафтем. Дар дурбинҳои наворбардорӣ ҳодиса бисёр рушан ва дақиқ сабт шуда буд. Дидем, ки воқеан он ҷавон қасдан даст расонидааст. Пеш аз даст бурдан, аввал гирду атрофашро мебинад, ки касе нигаҳ надорад ва якбора даст мерасонад”, - ба ёд меорад он лаҳзаҳоро модари Ширин.

Дар худи ҳамон рӯзи сар задани ҳодиса нозири минтақавии бозор парвандаи маъмурӣ тартиб медиҳад. Шоира мегӯяд, барои эҳтиёт вакили мудофеъ низ киро кард.

“Ман бисёр мехостам, ки он ҷавон бе ҷазо намонад. Беҷазо мондани вай мисли ин буд, ки ман наметавонам, аз фарзандам ҳимоят кунам. Назди фарзандам эҳсоси нотавонӣ мекардам”, - мегӯяд Шоира.

Тақрибан баъди як ҳафтаи ҳодиса - дар рӯзи 11 июни соли 2018 - аз додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба Шоира тамос гирифтанд ва ӯро ба муҳокимаи аризааш даъват карданд.


“Дар додгоҳ он ҷавони пойафзолфурӯш ҳам ҳозир буд. Баъд фаҳмидем, ки ному насабаш Р.М., соли таваллудаш 1993 будааст. Навори дурбинҳои назоратӣ дар додгоҳ нишон дода шуд. Даъвои мо пурра исбот гардид. Аммо ба далели он ки вай дар ҷои ҷамъиятӣ ба кӯдаки ноболиғ дастдарозӣ карда буд, ҳодиса танҳо дар доираи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банду баст мешуд. Додрас аз ман пурсид, ки ҷарима таъйин кунанд ё ҳабси маъмурӣ? Гуфтам, бигзор ҳабси маъмурӣ шавад ва дарси ибрат гирад, ки набояд бо фарзандони мардум чунин муносибат кард”, - гуфт Шоира.

Ба ин тартиб, додгоҳ Р.М.-ро ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Шоира мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ қонеъ буд. “Ҳатто агар як рӯз ҳам нигаҳ медоштанд, барояш дарс мешуд. Ҳоло он ки 5 рӯз ҳабс карданд”, - афзуд Шоира.

Дар ҳоле, ки назари Р.М. дастрас нест ва маълум нест, ки оё вай аз ҳукми додгоҳ эътирозе дошту дорад, аммо тавре дар қарори додгоҳ омадааст, Р.М. гуфтааст, ки ноогоҳона дасташ ба Ширин расидаву қасди дигаре надоштааст. Даъвое, ки Шоира ба он розӣ нест ва мегӯяд, дурбинҳои наворбардорӣ қасдан даст расонидани Р.М.-ро исбот мекунанд.

Дар ҳар сурат, Шоира мегӯяд, додгоҳ бо ин ки Р.М.-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб кард, эҳтимол аз такрори ҳодисаҳои ҳамсон пешгирӣ кардааст.

“Агар ман бепарвоӣ мекардам, мумкин буд, ки Р.М. даст ба корҳои бадтаре аз шаппотӣ задан ба дунбаи ноболиғонро анҷом медод. Ҳар касе, ки ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ мешавад, бояд муқобилат нишон диҳад. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки оммавӣ кардани ин гуна ҳолатҳо, навиштани баёнот, ба касе нақл кардани он шармовар аст. Вале набояд ин айбу шарм дониста шавад. Ҳифз карда натавонистани ҳуқуқҳои худ бояд шармовар бошад”, - гуфт Шоира.

Ба гуфтаи вай, баъди он ҳодиса духтарашро ҳамеша дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ мекунад ва бе назорат намегузорад ва ҳамеша дар андешаи ҳимоят аз ӯст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.