Садҳо мактабхон ва донишҷӯйро дар Суғд, дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд барои пешвози раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба "маршировка" ё ҷалб кардаанд.

Шакат Мирзиёев қарор аст рӯзҳои 10-11-уми июн бо як сафари  расмӣ ба Тоҷикистон биояд, ки ба шаҳри Хуҷанд ҳам меравад.

Як манбаъи аз Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҳудуди 200 нафар дар майдони фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо ҳамарӯза ба тамрини маросими пешвозгирӣ ё худ “маршировка” ҷалб мешаванд. Ӯ ҳузури хонандагони мактаб ва донишҷӯёнро таъйид кард, вале аз Раёсати маориф ва Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар ин бора чизе нагуфтанд ва ҷузъиёти барномаҳои фарҳангии қабули меҳмононро низ ифшо накарданд.

“Дар тамрин ё ба истилоҳ “маршировка”, ки дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд барои пешвози президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷараён додард, хонандагони болоии мактабҳо ва донишҷӯён ҷалб шудаанд. Зиёда аз 200 нафар ҳар пагоҳӣ дар ин ҷо ба “маршировка” фаро гирифта мешаванд.”-

Аммо манбаъҳои “Азия-Плюс” аз донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, барои “маршировка” донишҷӯёни онҳо ҷалб нашудаанд. Онҳо гуфтанд аксари иштирокчиён хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастанд.

Аз шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар ин маврид чизе намегӯянд.

Як манбаъ аз бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бе зикри номаш таъйид кард, ки дар ин “маршировка” донишҷӯёну хонандагони мактаб ва раққосони касбӣ ҷалб шудаанд. Ӯ гуфт, барнома то имрӯз тасдиқи худро наёфтааст ва аз ин рӯ дар мавриди он, ки чанд нафар аз иштирокчиёни “маршировка” ба пешвози меҳмонон мебароянд, дақиқ нест.

1/6

“Дар фурудгоҳ барои қабули Президенти Ӯзбекистон танҳо як барномаи фарҳангӣ нишон медиҳем, ки ҳамагӣ 3 дақиқа давом мекунад. Барои қабул ҳама бо либосӣ миллӣ мебароянд. Донишҷӯён, мактабхонҳо ва тамоми Ансанбли касбии рақсии вилоят барои пешвоз омодагӣ дида истодаанд. Ҳар пагоҳирӯзӣ машқҳо то баромадани офтоб давом мекунад. Имрӯз 1-уми июн соати 07:00 сар кардем ва соати 09:00 ҷамъбаст шуд”,-гуфт ин манбаъ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд акс аз ҷараёни  тамрин ё худ “маршировка” дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд зери офтоби тафсон чарх мезанад ва боис ба нигарониҳои ҷиддии корбарон шудааст. Гурӯҳи зиёди духтарон дар руйи асфалти тафсони фурудгоҳ нишастаанд ва гурӯҳе аз ҷавонписарон низ дар сафи пеш дида мешаванд. Дар ин аксҳо дида мешавад даҳҳо нафар аз нури тафсони офтоб худро пушти шиорҳои тарғиботӣ ва ё мавзеи соягоҳ пинҳон мекунад.

Аз ниҳоди маорифу фарҳанг то имрӯз дар мавриди он ки чаро иштирокчиёни “маршировка”-ро дар зери офтоби тафсон тамрин мекунанд, чизе нагуфтаанд. Аммо як масъули бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров гуфт :“Ин чорабинии сатҳи вилоятӣ аст. Протоколи ҳукуматӣ тасдиқ шудаву мо дар асоси ҳамон омодагӣ дида истодааем. Мо танҳо он супорише, ки дар сатҳи вилояти мо буд ҳамонро иҷро карда истодаем”.

Тамоми мардум аз фарҳангиён сар карда ҳам бо як руҳияи идона омодагӣ дида истодаем. Чунки тӯли солиёни зиёд сарҳадҳо баста буд. Маҳз ҳамин Шавкат Мирзиёев ба сари қудрат омаду сарҳадҳо боз шуд. Бори аввал аст, ки ба вилояти Суғд меоянд, ин як хушнудӣ аст,- мегӯяд, ин масъули фарҳанги ноҳия.

Бино ба баъзе маълумотҳо дар рӯзҳои ташрифи раисҷумҳури Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд, Ҷашнвораи либосҳои миллии атласу адрас доир мегардад ва барои иштирок дар он донишҷӯйдухтарони мактабҳои олӣ ҷалб шудаанд. Аз Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки 10 нафар аз донишҷӯёни ин муассиса ҳамарӯза  дар толори яке аз кохҳои фарҳанги шаҳр ҷалб шудаанду тамрин мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.