Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  аз боздошти як марде хабар медиҳад, ки ба гуфтаи ин ниҳод қасд доштааст бо роҳи қочоқ ба Русия 180 тангаи қадимаи дорои арзиши бостонию осорхонавиро интиқол бидиҳад.

Аз ин мард, сокини 48-солаи ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан ёд мешавад, ки  4-уми июни соли 2021, зимни сафар бо парвози хатсайри Хуҷанд-Иркутск боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ки “дар асоси хулосаи мутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сиккаҳо арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд”.

ВКД мегӯяд, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла қонун “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ маън карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.

Ҳоло ба иттилои ВКД ҳодисаи мазкур таҳти тафтиш ва таҳқиқ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.