Юсуф Раҳмон Додситони кулли имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки чаро нисбат ба нафарони муттаҳам ба узвият дар гуруҳи "Ихвон-ул-муслимин" (гуруҳи дар Тоҷикистон мамнуъ) қонуни афви соли 2019 татбиқ нашуд.

Ба назари Додситони кулл, қонуни афв на ҳамаи моддаҳои кодекси ҷиноиро фаро мегирад. "Вобаста аз вазнинии ҷиноят аст, вобаста аз субъектҳои содиркунандаи ҷиноят аст ва паҳлӯҳои дигаре аст, ки дар қонуни афв дарҷ мешавад. Бисёр ҷиноятҳое ҳастанд, афв татбиқ нашуд",-гуфт Юсуф Раҳмон.

Ин изҳори назари Додситони кулл дар ҳолест, ки пештар, замоне ки парванда баррасӣ мешуд, бархе аз вакилони дифои баъзе аз нафарони муттаҳам ба узвият дар ин гуруҳи мамнуъ гуфта буд, ки интизор меравад қонуни афв нисбати зерҳимояҳояшон татбиқ карда шавад.

Вале Додгоҳи олии Тоҷикистон 9-уми апрели соли 2021 ҳукми 103 нафар гумонбари муттаҳам ба узвият дар ин гуруҳро содир кард ва дар баробари ҳеч кадоме аз онҳо қонуни афви соли 2019-ро татбиқ накард.

Додгоҳи олӣ ҳукмаи ҳамаи 103 нафарро содир кардааст, ки дар ин миён танҳо ду нафар бар асоси моддаи "хабар надодан" бо ҷарима муҷозот шудаанд ва боқимондаҳоро аз 5 то 23 сол равонаи зиндон кардаанд. Ин 103 нафар ба гумони узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" ё "Бародарони мусулмон" муттаҳам мешуданд, ки ин созмон дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъ ва як созмони ифротгаро шинохта шудааст.

Он замон як манбаъ "Азия-Плюс", ки бар ин парванда наздикӣ дошт, гуфта буд, Муҳаммад Баюмӣ як шаҳрванди Мисрро, ки дар Тоҷикистон устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст, 23 сол равонаи зиндон карданд. Ҳамчунин ба гуфти манба аз Баёмӣ дар ин парванда ҳамчун саркардаи ин гуруҳ ном бурда мешавад. 

Ҳамчунин як устоди мисрии дигари забони арабии факултаи забонҳои осиёву аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи манбаи "Азия-Плюс" Исмоил Қаҳҳоров бародарзодаи Тӯраҷонзодаҳо, хонаводаи маъруфи сиёсиву динии Тоҷикистон ҳам дар ин парванда аз сӯйи Додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. 

Ҳамчунин ба гуфтаи ин манбаъ нафарони боқимондае, ки дар ин парванда ба узвияти созмони дар Тоҷикистон мануи "Ихвон-ул-муслимин" муттаҳам буданд, барои панҷ сол равонаи зиндон шуданд. 


Додгоҳи олии Тоҷикистон то кунун дар ин бора ҷузъиёте надодааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел ба "Азия-Плюс" содир шудани ҳукмро тасдиқ кард ва ваъда дода буд, ки маълумоти лозимро дар ин маврид дар ихтиёри мо мегузорад, вале нагузошт.

Баррасии парвандаи ин қазияи пурсару садо наздик ба як сол давом карда буд ва дар як шароити махфӣ гузаронида мешуд. 

Ҳарчанд Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июли соли 2020 зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, баррасии парвандаи "ихвониҳо", "махфӣ" нест. Аммо бархе вакилони гумонбаршудагон қаблан ба расонаҳо гуфта буданд, ки парванда зери муҳри "махфӣ" баррасӣ мешавад, биноан, ҳаққи додани маълумотро надоранд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июли соли 2020 муҳокимаи парвандаи дастаҷамъонаи гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин"-ро шуруъ карда буд.

Бино бар маълумоти тасдиқнашуда, дар миёни маҳкумшудаҳо раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара ва 20 донишҷӯи донишгоҳҳои олии кишвар, бахусус Донишгоҳи исломӣ, зодагон ва сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Исфара, ноҳияи Рӯдакӣ ва бархе устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон низ ҳастанд.

Бино ба иттилое, ки радиои "Озодӣ" дода буд, чанде аз гумонбаршудагон дар "Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012" омӯзгор ва донишҷӯ будаанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.