Адвокати ҳуқуқшинос Абдумаҷид Ризоев, ки барои навиштаҳояш дар Facebook ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд, аз додгоҳи зинаи болоӣ хостааст, ӯро озод кунанд.
Дилафрӯз Самадова, адвокати ӯ рӯзи 16-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аризаи шикоятиро барои бозбинии парвандаи Абдумаҷид Ризоев ба додгоҳи шаҳри Душанбе супориданд. Ӯ гуфт, ки ташхисгарон навиштаҳои Ризоевро дар Фейсбук нодуруст шарҳ додаанд ва аз номи худ дар он илова кардаанд, ки хилофи қонун аст.
“Аз суди зинаи кассатсионӣ пурсидем, ки ҳукм бекор карда шуда парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ризоев А. қатъ карда шавад.”, - иброз доштааст ӯ.
Ҳукм нисбати Ризоев 14 июн содир шуда, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо гузашти як моҳ ҳукми содиркардаи худро шарҳ надодааст.
Дилафрӯз Самадова хабар додааст, ки тафтишот навиштаҳои зерҳимояашро “ифротгароӣ ва ноустувор сохтани амнияти миллӣ” номидаанд.
Адвокат гуфтааст, додситонӣ инчунин чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ” мерасонад, айбдор кардааст.
Аз ҷумла бознашри андешаи “Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро низ додситон андешаи ифротгароёна хондааст.
Дилафрӯз изҳор доштааст, ки ҳатто шеъри “Падаре гуфт, ба писар бо қаҳр: Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар” низ дар парванда ҳамчун ҳарфи ифротгароёна ворид шуда буд, вале баъдан забоншиносон хулоса доданд, ки ин шеър моҳияти фалсафӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ин шеър пок карда шуд, вале дигар навиштаҳои ӯро, ки бештар фалсафӣ буданд, ҳамчун айбнома ба парванда ворид карданд.
Ин адвокати тоҷик гуфт, ки зерҳимояааш гуноҳ надорад ва ҳеҷ қонунеро нақз накардааст. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, "ҳеҷ гоҳ ифротгаро набуд".
Абдумаҷид Ризоев, собиқ корманди созмони ҳомии ҳуқуқи “Ампаро” ахиран дар иттиҳодияи ҷамъиятии “Дурахшон гурӯҳ” кор мекард, ки ба шаҳрвандон машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мекард.
Ризоев гуфтааст, ин ҳукм ба фаъолияти кориаш рабт дорад, чун пеш аз боздошт ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухорои Душанбе машғул буд.
Дар ин маҳал ширкати "Пӯлодӣ Плаза" бояд бинои нав созад. Ба нақли адвокаташ, ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки қабл аз боздошт масъулони ин ширкат ба ӯ таҳдид карда буданд, ки аз машварати ҳуқуқӣ ба сокинон даст бардорад. Назари ин ширкат дар робита ба ин масъала ҳанӯз дастрас нашудааст.
Соли 2016 ба Кодекси ҷинояти Тоҷикистон мафҳуми “сафедкунии оммавии экстремизм ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет” ворид шуд ва гузоштани писанд ё лайкро ҳам дар аксар ҳолатҳо тафтишот ба маънои сафедкунӣ ва ё тарғиби ғояҳои ифротӣ қаламдод мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, бештар бо ин баҳона дар Тоҷикистон озодандешонро таъқиб мекунанд. Мақомот ин ҳарфро қабул надоранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста