Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “қаҳрамон”-и навбатии шабакаҳои иҷтимоӣ - ронандаи автомашинаи “Range Rover”-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби корбарон фиристода шудааст, ҳолати таваққуфи нодурусти ин автомашина дар роҳи автомобилгарди бозори «Корвон» инъикос ёфтааст, ки боиси банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт гардидааст.

Ҳамзамон ин амали номбурда норозигии шаҳрвандону ронандагони дигар воситаҳои нақлиётро ба миён овардааст.

“Аз паси ин автомашина миқдори зиёди автомашминаҳо, аз ҷумла автобуси мусофирбар танба шуда, ронандаи “Range Rover”-и гунаҳкор ба ин ҳолат бошад, пайи харидкунӣ рафтааст”, - зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, пас аз нашри навори видео кормандони милитсияи пойтахт ронандаи ин автомашина - сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон Исломиддин Алиевро пайдо намуданд.

Нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали ғайриқонунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд. Автомашинаи мазкур ба ҷаримагоҳи муваққатии Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.