Кормандони милитсияи пойтахт 21 сентябр роҳбарони тарабхонаҳои “Лондон” - Умедҷон Саидқулзода ва “Парасту” - Беҳрӯз Садриддиновро боздошт намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, онҳо сарфи назар аз бевақтии шаб, ба корашон идома додаанд: мувофиқи қонун, ба тарабхонаҳо дар пойтахт то соати 23:00 кор иҷоза шудааст.
“Дар ин тарабхонаҳо тартиботи реҷаи корӣ дар вақти шабона вайрон шуда, берун аз вақти муқарраргардида фаъолияташонро идома додаанд”, - омадааст дар маълумоти Раёсат.
Гуфта мешавад, ҳамзамон қоидаҳои санитарию гигиенӣ низ вайрон шуда, инчунин дар бевақтии шаб бо овози баланду гӯшхароши мусиқӣ оромии шаҳрвандон халалдор ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти шабона риоя нашудааст.
Зикр мегардад, ки бо қарори суд ба У.Саидқулзода ба муҳлати 5 ва Б.Садриддинов - 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста