Сокини шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Азизҷон Амиршоев моҳи марти соли 2019 ширкати сохтаи ҶДММ “Левакант”-ро таъсис дода, ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудааст.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз моҳи май то декабри соли 2019 Амиршоев аз Эрону Чин ба маблағи умумии 3 млн 856 ҳазору 590 доллар ба Тоҷикистон масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хӯрокворӣ оварда, ҳудуди 1,5 млн сомонӣ андозро пардохт накардааст.

Суди шаҳри Левакант Амиршоевро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 260 (Соҳибкории сохта) ва 292 (Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф намуд.

Соҳибкор ба се соли зинодони низомаш умумӣ маҳкум шуда, минбаъд ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан барояш манъ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.