Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мансабдори баландпояро ҳангоми гирифтани пора дастгир карданд.
Тавре ки маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сайдамири Файзиддин боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, Сайдамир Файзиддин бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи «Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ» ва «Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан доранд» маблағи 23 ҳазор сомониро талаб намудааст.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш, дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд”, - омадааст дар хабар.
Зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур нисбати Сайдамири Файзиддин бо моддаи 247 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.
Дар ин модда ҷазои то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста