Дирӯз, 10 ноябр, журналисти тоҷик Далери Имомалӣ ба далели доштани риш натавонист, шиноснома ё корти ҳувияти нав бигирад. Дар мизи шиносномадиҳии шаҳри Ҳисор ба ӯ гуфтаанд, дар асоси фармоне, ки шудааст бо риши дамида шиноснома дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки мақомот дар ин бора санади ҳуқуқии расмӣ пешниҳод намекунанд.

Далери Имомалӣ, мегӯяд, ки рӯзи 10-уми ноябр барои иваз кардани шиносномаи коғазӣ (намунаи соли 1996) ба корти ҳувият (шиносномаи пластикии намунаи соли 2014) ба шуъбаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар шаҳри Ҳисор рафт, ба ӯ гуфтанд, ки танҳо дар сурати тарошиндани ришаш шиносномаашро иваз карда метавонад.

Далер бо нашри муроиҷати видеоӣ гуфт, масъулини хадамоти шиносномадиҳии шаҳри Ҳисор чунин тасмимро шарҳ надоданд ва вақте ӯ ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ занг зад ба ӯ фаҳмониданд, ки ба Хадамоти шиносномадиҳии марказӣ муроҷиат кунад. Ҳамин тариқ, аз Хадамоти шиносномадиҳии марказӣ, ба ӯ кутоҳ гуфтанд: “чунин фармон аст”.

Фармон, дастур ё талабот...

Аз Хадамоти шиносномадиҳии ВКД дар робита ба ин масъала ба “Азия-Плюс” низ посухи дақиқ надоданд ва бо риш надодани шиносномаро тасдиқ ё рад накарданд. Вале аз маркази матбуоти ВКД гуфтанд, танҳо шаҳрвандони аз 60-сола боло ҳақ доранд, ки бо риш соҳиби шиноснома шаванд ва ин як талабот аст.

“Дар бораи ҷой доштани қарор фармон ё қонуни махсус, ки бо риш надодани шиносномаро муайян кунад, хабар надорем. Вале талабот ҳамин аст, ки танҳо аз 60-солаҳо боло бо риш метавонанд соҳиби шиноснома шаванд. Бояд ҳамаи ҳуҷҷҷатҳо бо шиноснома мувофиқат кунад. Дар дигар давлатҳо ҳам чунин талабот ҳаст. Маслан, дар баъзе кишварҳо бо сатр шиноснома намедиҳанд, бояд зери манаҳ кушода бошад”,- гуфтанд аз маркази матбуоти ВКД.

Шиносномаи пластикии намунаи соли 2014

Ҳарчанд Далери Имомалӣ аз масъулини Хадамоти шиносномадиҳии ВКД пурсидааст, ки чунин фармон аз ҷониби кӣ ва кай имзо шудааст, вале аз он сӯи телефон ба ӯ посух надоданд. Ҳамин тариқ, мақомот ба мо ҳам посух дода натавонистанд, ки чунин санади расмӣ кай ва аз ҷониби кӣ қабул шудааст ё талаботе, ки ба он ишора карда мешавад, кӣ пеш гузоштааст.

Баҳси бо риш нагирифтани шиноснома, ки чанд сол пештар ҳам доғ шуда буд, бархе тавсияҳои мақомотро дар пай дошт. Он вақт аз бархе мардони ришдори тоҷик, ки мехостанд шиносномаи хориҷӣ бигиранд, талаб карда буданд, ки "бериш" ҳозир шаванд.

Хадамоти шиносномадиҳӣ ба ин гуна шаҳрвандон машварат дода буданд, ки агар синнашон ба 60 сол нарасида бошад, ҳатман ришашонро тарошанд.

Масъулони Хадамоти шиносномадиҳиии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он вақт гуфта буданд, онҳо хостори пурра тарошидани риш нестанд, "балки ба тартиб ва ба низом оварда шавад".

“Нигоҳ кунед, баъзе ҷавонон риши аз ҳад бетартибу дароз ва нохушоянд доранд. Чӣ мушкил дорад, агар риши худро ба тартиб биёранд? Шиноснома ҳуҷҷат аст ва талаботи худро дорад”, - гуфта буд Миралӣ Абдураҳмонхонов, муовини вақти раиси Хадамоти шиносномадиҳии ВКД.

Таърихи баҳси риш дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дастури расмии манъи риш вуҷуд надорад. Мақомот таваҷҷуҳи аз ҳад беши мардҳо ба ришро ба боло рафтани ҳавои мазҳабгароӣ рабт медиҳанд. Шаҳрвандон мегӯянд, мақомот бо истифода аз мубориза бо тундгароӣ озодиҳои онҳоро маҳдуд мекунанд.

Раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода моҳи октябри соли 2018 тайи як нишасти хабарӣ дар Туркия гуфта буд, агар маҳдудияте ҳам вуҷуд дорад, “ин амр сирф ҷанбаи амниятӣ дорад”.

Саидмукаррам Абдуқодирзода

“Ин иқдом сирф аз ҷанбаи амниятӣ ва усулан барои мутобиқати зоҳири воқеии инсонҳо ба акси шиноснома ва гузарномаҳояшон иҷро мешавад”, - афзуда буд ӯ.

Ҷудо аз баҳси риш миёни муллоҳо, чанд сол пеш бархе мақомот пешниҳод карданд, ки барои солхӯрдаҳои аз 50-сола боло иҷоза дода шавад, ки риши то 3-сантиметрӣ дошта бошанд. Аз ҷумла Вазорати маориф дар соли 2009 гуфта буд, ки омӯзгорони то 50-сола набояд риш дошта бошанд ва аз 50-солаҳо боло метавонанд риши то 3-сантиметрӣ дошта бошанд.

Дар соли 2012 Шӯрои уламои Тоҷикистон бо дастури Кумитаи дини кишвар андозаи ришро барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ мушаххас карда буд. Ин Шӯро гуфта буд, ки бар асоси мазҳаби ҳанафӣ марди мусалмон метавонад риш ба андозаи мушти худ дошта бошад.

Ҳамчунин, солҳои пеш расонаҳо аз рейди мақомот ба хотири ба танзим даровардани риши мардон хабар медоданд. Ҳатто тобистони соли 2015 Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, гуфта буд, ки дар зарфи як сол риши 12 ҳазору 818 нафарро "бо тартиб" дароварданд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама заду бандҳо, то кунун дар Тоҷикистон на дар сатҳи қонун ва на дар сатҳи сандаҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ, гузоштани риш манъ нашудааст.

Аммо баҳси риш дар шиноснома, яке аз баҳсҳои доғтар дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ҳарчанд қонун гирифтани шиносмаро бо риш манъ намекунад, вале мақомоти масъул намегузоранд, ки корафтодаҳо бо риш шиноснома бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.