Интизор меравад, рӯзҳои наздик парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова, ки сару садои зиёдеро дар ҷоме ба бор овард, ба додгоҳ ирсол шавад. Дар ин бора ба “Азия - Плюс” муовини Додситони кулли  Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода имрӯз, дар поёни ҷаласаи парлумонӣ хабар дод.

Номбурда дар бораи ҷузъиёти бештари парванда маълумот надод, танҳо илова кард, ки парванда аз ҷониби Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кул мавриди тафтиш қарор дорад ва рӯзҳои наздик ба додгоҳи ноҳиявии тобеи парванда (эҳтимолан Додгоҳи ноҳияи Сино) исрол мешавад.

“Азия - Плюс” барои дарёфти ҷузъиёти бештари ин парванда рӯзи 12-уми ноябр ба Додситонии кул нома фиристода буд, вале то кунун муваффақ ба дарёфти ҷузъиёти парванда нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Қазияи Мадина Мамадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар кома ҳаст, дар ҷомеа сару садо ба по кард. Пизишкон мегӯянд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст.

Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд. Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.

Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.

Ҳамчунин, чанде пеш, Радиои “Озодӣ” аз қавли манбаъҳои худ хабар дод, ки дар робита ба парвандаи латукӯби Мадина Мамадҷонова ду масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Сабаби барканории харду мақомдор “тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова” гуфта мешавад.

Сардори ШВКД ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода барои “парвандаро дуруст таҳқиқ накардан” ва муовини аввали додситонии ҳамин ноҳия Сӯҳроб Салимзода барои имзои қарори афви як гумонбар дар парвандаи Мадина Мамадҷоноваро аз кор гирифтанд.

Дар ҳоле ки мақомоти қудратии Тоҷикистон аз шарҳи расмии боз шудани парванда ё эҳтимоли боз шудани он нисбати мақомдороне, ки ба тақаллуби “парвандаи Мадина” гумонбар мешаванд, худдорӣ мекунад, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯянд, интизор меравад, онҳо бо се моддаи КҶ Тоҷикистон: моддаи 360 қисми 1 (ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ), моддаи 314 қисми 1 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва моддаи 316 қисми 1 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.