Додситонии шаҳри Хуҷанд дар пайи заҳролудшавии даҳҳо нафар аз истеъмоли мурғбирёни “грилл” алайҳи як соҳибкор  парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дирӯз бар пайи ин ҳодиса Идораи беҳдоштии вилояти Суғд дари ин дӯкони ин соҳибкорро дар "Афғонбозор"-и шаҳри Хуҷанд муҳр зада буд. 

Аз ин соҳибкор Мӯҳсинҷон Тоҷибоев ном бурда мешавад, ки мақомоти додситонӣ аъзои хонаводаи ин соҳибкорро дар “вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст (моддаи 207, қ. 1-и КҶ ҶТ)” муттаҳам медонанд.

Вокуниши додситониро дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд нашр кардааст.

Соҳибкор Мӯҳсинҷон Тоҷибоев дар даромадгоҳи “Афғонбозор”-и шаҳри Хуҷанд дар дӯконе бо пухтани мурғ машғул буд ва дар оғози ҳафтаи гузашта, бар пайи заҳролудшавии даҳҳо нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дари дӯконаш мӯҳр зада шуд.

Ҳалим Ҷӯраев / Asia-Plus

Мақомоти додситонии шаҳри Хуҷанд дар вокунише гуфтааст, ин соҳибкор ҳамроҳи аъзои оилааш “бо пухтупази гӯшти пастсифати мурғ машғул буд ва талаботи санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон кардааст”.

“Соҳибкор ва аъзои оилаи ӯ зимни хизматрасонӣ

бидуни гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ дар мавриди омода намудани гӯшти мурғ, онро дар дохили зарфҳои пластикӣ ва оҳанини дорои бактерияҳои “экологӣ” ва дигар микрофлораҳои зараровар бо истифодаи хамира ва омехтаи помидор, қаланфури булғории хушккардашуда коркард карда, дар тафдони махсус пухта ба мизоҷон пешниҳод кардааст”,-омадааст дар вокуниши додситонӣ

Додситонӣ гуфтааст, баъди харидорӣ ва истеъмоли мурғбирён аз дӯкони ин соҳибкор зиёда аз 20 нафар заҳролуд шуда дар беморхонаи касалиҳои сироятии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шудаанд ва тафтиши қазия идома дорад. Аммо дирӯз манобее дар Идораи беҳдошти вилояти Суғд теъдоди заҳролудшудаҳоро ба маротиб бештар гуфта буданд.

Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Идораи беҳдоштии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо қисме аз гӯшти мурғбирёнро, ки аз хонаи заҳролудшудагон пайдо карданд дар озмоишгоҳи лабаратори санҷиданд. Вай гуфт, озмоиш дар ин пораи гӯшт “афзоиши микроб”-ро нишон дод. Аммо ба таъкиди ӯ хуллосаи бештари санҷиши лабараторӣ дар Маркази беҳдоштии вилояти Суғд аст, ки ин ниҳод намунаи мурғбирёнро аз дӯконе, ки ба дараш мӯҳр задаанду мусодира кардааст, бояд мунтазир буд.

Дӯкони соҳибкоре, ки гуфта мешавад мардум аз мурғбирёни он заҳролуд шудаанд
Ҳалим Ҷӯраев / Asia-Plus

 Азаматхӯҷа Воҳидов, гуфт онҳо 35 нафар заҳролудшударо, ки дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ буданд, муайян кардаанд.

Мирзо Олимов, сокини шаҳри Хуҷанд, ки шаш тан аз аъзои оилааш беъди хӯрдани мурғкабоб якбора бемор шудаанд, рӯзи 13-уми декабр ба “Азия-Плюс” гуфт, мурғи пухтаро бо нархи 45 сомонӣ аз дӯкони даромадгоҳи “Афғонбозор” харида буд. Вай мегӯяд, шаби якуми декабр ба хотири таҷлили зодрӯзаш як адад мурғбирён харид, бинобар беморие худаш нахӯрд, вале ҳамсар, писар, келин ва набераҳояш хӯрданду ҳама бемор шуданд.

“Ҳамсарам баъди истеъмол якбора дарунрав шуду ҳарораташ баланд шуд ва ӯро ба беморхонаи Унҷӣ бистарӣ карем ва барои табобаташ 1000 сомонӣ харҷ кардам. Вазъи саломатии писару, келину набераҳоям чандон вазнин набуд, дар хона табобат гирифтанд. Намедонам аз истеъмоли гӯшти мурғ шуданд ё аз ғизои дигар. Баъди заҳролудшавии аъзои оилаам бо аризае ба Маркази СЭС муроҷиат кардам”,-мегӯяд  Олимов.

Аммо дирӯз манбаъҳои “Азия-Плюс” дар идораи беҳдоштии вилояти Суғд гуфта буданд, ки 62 нафар аз 14 хонавода дар шаҳрҳои Гулистону Хуҷанд ва ноҳияи Ғафуров дар пайи хӯрдани гӯшти мурғҳои ин дӯкон заҳролуд шудаанд.

Манбаъи мо гуфт, таҳқиқи ҳодиса баъди он шурӯъ шуд, ки чандин нафар бо нишонаҳои дарунравӣ, қайкунӣ ва ҳарорати баланд ба ин ниҳод муроҷиат карданд.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.