Бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту шикоят мекунанд, аммо бархеи дигар инро мояи хушиву хурсандии кӯдакон медонанд.

Аммо манъ шудани истифодаи оммавии ин мавод бархеҳоро нигарон кардааст, ки чаро намегузоранд мардум дар Соли Нав ба шодиву хурсандӣ пардозанд. Бархеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суолро матраҳ кардаанд, ки чаро дар ҷашнҳои давлативу ҳукуматӣ оташпаронӣ ё салют зада мешаваду, аммо шаҳрвандонро аз ин ҳақ маҳрум кардаанд. Ма дунболи пайдо кардани ин посух рафтем.

Дар гузашта мақомот дар мавриди паёмадҳои таркиши маводҳои тарфгарӣ, ба мисли сӯхтор ва захмӣ шудан одамон хабар дода буданд. Мақомот мегӯянд, маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки воридот ва истифодаи онро дар кишвар манъ кунанд.

Барои вориду паҳн кардани “салюту хлопушка” ҷазо чист?

Қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгариро соли 2008 манъ ва ҷазо пешбинӣ кард.

Мувофиқи моддаи 199, иловаи 1  КҶ Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ), ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани он манъ буда, нисбат ба чунин шаҳрвандони ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Оташпаронӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлол

Барои истифода чӣ?

Ба ҷуз аз Кодекси ҷиноятӣ, ҳамчунин дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ ба ҷуз ворид намудан ва фурӯши маводи тарфгарӣ, инчунин дар бораи харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан ва истифодаи маводи тарфгарӣ муқаррарот пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи моддаи 467, қисми 2-и Кодекси мазкур, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ то 20 дона “салют” ва то 50 дона “хлопушка” ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз 20 то 30 (аз 1200 то 1800) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 3 то 6 ҳазор сомонӣ) бо мусодираи маводҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Аз ин бармеояд, ки барои истифодаи маводи тарфгарӣ ё ба истилоҳи маъмул “хлопушка” ва “салют”-ҳо метавонанд шаҳрвандонро ба маблағи то 1800 сомонӣ ҷарима кунанд.

Роҳбари ширкати  мудофеи ҳуқуқ “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев чанде пеш дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфта буд, ки дар воқеъ барои истифодаи маводи тарфгарӣ низ масъулият пешбинӣ шудааст ва ҳатто барои истифодаи 1 маводи тарфгарӣ шахс метавонад ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, барои истифодаи зиёда аз 20 адад маводи тарфгарӣ бошад, шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида метавонанд.

Қонун пешгирӣ накард. Беш аз 500 ҳазор дона дар чанд ҳафтаи охир

Ҳарчанд дар қонунгузорӣ мафҳуми машаххасе бо номи “хлопушка” ва “салют” нест, вале мақомот мегӯянд, дар инҷо калимаи оташфаввора – “салют” ва капсула- “хлопушка” мебошад.

Вале тавре ба назар мерасад, қонуни пеши роҳи воридоту истифодаи ин маводро пурра гирифта натавонист ва ҳамасола бо наздик шудани соли нав мақомот аз “шикор”-и маводи тарфгарӣ хабар медиҳанд. Дар ин айём даҳҳо маврид, махсусан “хлопушка”- ҳо мусодира ва омилони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мақомоти корҳои дохилии кишвар мегӯянд, танҳо давоми чанд ҳафтаи охир дар ҷумҳурӣ муомилоти 500 ҳазор дона маводи тарфгарӣ мусодира шуда, нисбати гунаҳкорон чораҳо андешида шуданд.

Ба ҳукумат мумкину ба аҳоли не?!

Оташпаронӣ ба ифтихори ба баҳрабардорӣ супурдани чархаи аввали НБО "Роғун"

Дар ВКД Тоҷикистон ба суоли он ки дар ҳоле ки воридот, паҳн ва истифодаи “салют”- ҳо дар кишвар манъ аст, чӣ гуна дар маъракаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва иду ҷашнҳо дар кишвар “салют”-ҳо зада мешавад, посух доданд, ки онҳо тавассути ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ ворид мешаванд ва бештари онҳо рамзҳои идона мебошанд.

Аз маркази матбуоти ВКД гуфтанд, чунин “салют”-ҳо дар як вақти муайян ва дастури махсус бахшида ба ин ё он ид, ки бештар хусусияти оммавӣ доранд, ворид карда мешавад ва он дастрасӣ аҳолӣ намешавад.

- Ин мавод ба мардум фурӯхта намешавад ва бемаврид дар миёни ҷомеа “парронда” намешавад. Тарзи воридшавии он муқаррароти қонунӣ дорад ва онро худи давлат ворид мекунад. Вақте ки аз гумрук ҳам ворид мешавад, ҳуҷҷатҳояш қонунӣ аст ва муайян карда шудааст, ки барои чӣ ворид мешавад,- шарҳ доданд аз маркази матбуоти ВКД.

Чаро манъ карда шуд?

Мақомот мегӯянд, вақте эҳсос шуд, ки хатари маводи тарфгарӣ сол аз сол зиёд мешавад, тасмим гирифтанд ки воридот, паҳн ва истифодаи онро дар ҳудуди кишвар манъ намоянд.

Воқеан, солҳои пеш расонаҳо аз сӯхтор ва ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхонаҳо интиқол ёфтани аҳолӣ дар натиҷаи истифодаи маводҳои протехникӣ, махсусан “хлопушка” зиёд хабару гузориш нашр мекраданд.

Дар масъалаи истифодаи маводҳои тарфгарӣ ҳатто расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади хеш дахл намуда, зикр кард, ки ҳар соли нави мелодӣ овози маводҳои тарфгарӣ дар миёни мардум хотираҳои ногувори солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир меорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.