Собиқ сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Шаҳбоз Гулов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни фаъолият дар ин вазифа ӯ шаҳрванд “А”-ро бовар мекунонад, ки бар ивази маблағи 10 ҳазор сомонӣ тавассути судяи Суди ноҳия барои ба манфиати ӯ қабул намудани санади судӣ оид ба фарзандхонии ноболиғ шаҳрванд “Б” мусоидат карда метавонад.
“Ҳамин тариқ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” маблағи 10 ҳазор сомониро тасарруф намуда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро намекунад ва пулро ба эҳтиёҷоти шахсии худаш сарф мекунад”, - омадааст дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, нисбати Гулов мутобиқи моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисоб ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 3 сол пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста