Дар шимолии Тоҷикистон дар соли сипаришудаи 2021 дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 337 ҷиноят ё худ 5,4 фоиз зиёд шудааст. Дар ин вилоят дар соли гузашта бештар ба ҷиноятҳои вазнин ва қаллобӣ даст задаанд.

Дар ин бора рӯзномаи ҳукуматии “Ҳақиқати Суғд” дар пайванд ба ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки рӯзи 10-уми январ доир шуд, хабар додааст.

Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд тӯли чанд соли ахир нишасти матбуотӣ барпо намекунад ва омори вобаста ба ҷиноятро бештар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар нишастҳои хабарияш ё ҷаласаҳои ҳукумат зикр мекунад.

Манбаъ навиштааст, шумори умумии ҷиноятҳои содиргардида дар соли 2021- 6628 адад буда нисбат ба соли 2020- 337 ҳодиса ё 5,4 фоиз зиёд мебошад. Омори ҷиноятҳои тамаъҷӯӣ 20 адад, содиршавии ҷиноятҳои вазнин 240 адад, ҷиноятҳои вобаста ба дигар хизматҳо 90 адад, қаллобӣ 99 адад, расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ 2 адад ва роҳзанӣ 3 адад зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.  

Аммо гуфта мешавад содиршавии ҷиноятҳо дар ҳолати мастӣ 15 адад, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 34, ғоратгарӣ 6, авбошӣ 17, ҷиноятҳои аз суйи ноболиғон содиргардида 1, дуздӣ 52, одамкушӣ ва сӯийқасд ба ҷон 5 ададӣ дар вилояти Суғд кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин зимн мақомот ҳамзамон омори иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар даъвати баҳорӣ ва тирамоҳиро дар соли 2021 нашр карда гуфтааст, дар даъвати баҳории соли гузашта 2450 нафар ва даъвати тирамоҳӣ 3249 нафар муайян шуда, амалан дар даъвати баҳорӣ 2454 нафар ва тирамоҳӣ 3258 нафар ба хидмат сафарбар шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.