Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари ба Тоҷикистон истирдод шудан ва дар бинои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ин ниҳод қарор доштани яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ Амриддин Аловатшоевро рад кард. Инро аз дафтари матбуотии ин ниҳод дар суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфтанд.

Манбаъ гуфт, ки чунин иттилоъ дар сомонаҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқобили эътимод пахш мешавад ва он асоси воқеӣ надорад.

- Хабарҳо буд, ки гӯё ӯро дар Русия боздошт кардаанд. Вале дар Тоҷикистон нест. Расонаҳои ғайрирасмӣ чунин иттилоъи бардурӯғро нашр мекунанд. Ба ин хабарҳо бовар накунед. Агар ӯ дар Тоҷикистон бошад мо иттилои расмӣ пахш мекунем,-гуфт ҳамсуҳбати мо аз ВКД.

Хабарҳои зиддунақиз дар мавриди боздошт ва истирдоди Аловатшоевро ба Тоҷикистон дирӯз, 19 январ, пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News», ки бештар ҳаводиси ВМКБ-ро бозтоб медиҳад, нашр кард. Ин пойгоҳ, ба иддаи муаллифонаш аз қавли се манбаи баландмақоми худ аз ВКД Тоҷикистон навишт, ки ӯро дар Белглрад мақомоти қудратии Русия дастгир намуда, аз онҷо ба Москав ва баъд ба Душанбе истирдод намудаанд.

- Аловатшоев дар бинои “УБОП” дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ба иттилоъи манбаъи мо нисбати Аловатшоев бо моддаи 189 қсими 1 (барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)-и Кодекси ҷинотяӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Шояд ин ягона моддае нест, ки ӯ гумонбар мешавад,-навиштааст «Pamir Daily News».

Ин пойгоҳ ҳамчунин, аз қавли манбаъҳояш навиштааст, ки Амриддин Аловатшоев 27 декабри соли 2021, расо як моҳ баъди гирдиҳамоии зодагони ВМКБ дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия дар ҷустуҷӯ буд.

Рад карадани хабари дар Тоҷикистон қарор доштани Амриддин Аловатшоев аз ҷониби дафтари матбуотии ВКД дар ҳолест, ки дар гузашта ҳам мавридҳои пешакии ба Тоҷикистон истирдод шудани Иззат Амон, ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Макскав ва Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва размикори ММА тоҷикро ин ниҳод беасос дониста буданд. Вале бо гузашти чанд рӯз мақомот бо пахши изҳорот гуфтанд, ки онҳо ба Тоҷикистон қарор доранд ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Хабари нопадид шудани Аловатшоев дар ҳолест, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон ва зодаи ВМКБ Далер Ҷумъа рӯзи 10-уми январ дар ҷаласае дар Хоруғ Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоевро, ки қаблан ҳамчун раҳбарони ғайрирасмӣ номбар мешуданд,  барои халал расондан ба кори мақомот гунаҳкор кардааст. 

"Аз кормандони мақомоти давлатӣ талаб карда мешавад, ки ҷиддӣ машғул шаванд ва дар доираи қонун шахсони ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ кашанд”,- гуфта буд ӯ.

Далер Ҷумъа, ҳамчунин, Амриддин Аловатшоевро ба "таҳрик додани ҷавонон аз хориҷа" муттаҳам карда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ҳаводиси моҳи октябри соли 2018 дар Бадахшон номи Амриддин Аловатшоев дар қатори раҳбарони дигари ғайрирасмии ВМКБ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазоров гирифта шуда буд. Дертар ӯ зери санаде имзо гузошт, ки қонунро поймол намекунад ва ба кори мақомот дар Бадахшон дахолат намекунанд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.