Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки дар соли гузашта 17 ҷинояти вобаста ба фурӯхтани чиптааи ҳавопаймо дар гузаргоҳҳои сарҳадиро ошкор кардааст. Ин нуктаро имрӯз раиси ин оҷонсӣ Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод зикр кард.
"Масалан як корманди фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон барои фурӯхтани 46 адад чипта, 429 ҳазор сомонии аҳолиро гирифта, ягон амал иҷро накардааст",- гуфт Султонзода
Ҳоло ин корманди фурудгоҳ дар боздошт қарор дорад ва парвандааш дар ҳоли баррасист.
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, ҳамчунин дар соли 2021 353 млн сомонӣ зарари молиявир ошкор кардааст. Аз ин 324 млн сомонӣ ё 92% он барқарор шудааст, ки 110млн сомонии он ба буҷаи давлатӣ ва 214 млн сомонии он ба корхонаву муассисаҳо рост омадааст. Ин нуктаро Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии дар нишасти матбуотии имрӯзи ин ниҳод зикр кард.
Дар соли гузашта ин ниҳод, 66 ҷиноят дар бахши андозро сабти ном кардааст, ки қисми зиёди он ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва сохта марбут будааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста