Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонку корхона ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 282,8 млн сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кард.

Раиси Палата Қарахон Чилазода имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар соли сипаришуда (соли 2021 дар назар аст) 274 санҷиши аудиторӣ гузаронида шудааст.

“Дар ҷараёни санҷишҳо ба маблағи 282 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, дар муқоиса бо соли пешин (с.2020) шумори иншооти санҷидашуда 26 адад кам ва маблағи зиёни молиявии ошкоргардида 30,5 млн сомонӣ афзуд”, - иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳаҷми умумии зиёни ошкоршуда хароҷоти ғайриқонунии молу пул 55,7 млн сомонӣ, камомад ва дуздии пулу мол - 8,9 млн сомонӣ ва баланд нишон додани нархҳо зимни баргузории корҳои сохтмону таъмир - 23,4 млн сомониро ташкил додааст.

Зиён аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,2 млн сомонӣ, талафоти молу пул - 89,7 млн сомонӣ, талафоти буҷет аз андози паст ва пардохтнашуда - 49,9 млн сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ - 45,4 млн сомонӣ ва фоида (дивидендҳо)-и пардохтнашуда аз рӯи саҳмияҳо - 8,6 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад.

“Дар мавриди бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуда, 274,5 млн сомонӣ барқарор шуд, аз ҷумла 108,4 млн сомонӣ дар буҷети давлатӣ, 136,6 млн сомонӣ - дар муассисаҳо ва 29,5 млн сомонӣ - дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”, - зикр кард Чилазода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.