Милисаи шаҳри Душанбе боз як сокини пойтахтро ба хотири озори модараш барои 10 шабонарӯз ҳабс кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД-и Душанбе, аз ин нафар Парвиз Мусофирови 51-сола ном бурда мешавад. 

Аз ин сокини Душанбе, бошандаи кӯчаи Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд  ном бурда мешавад, ки барои озори модар ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз сӯйи пулис дастгир карда шудааст.

«Номбурда санаи 31-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш ҳозир гашта, бо модару ҳамсари бародараш муноқиша ва нисбати онҳо суханони қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва дар назди атрофиён шаъну шарафи номбурдагонро паст задаст»,- омадааст дар хабарномаи РАВКД-и Душанбе.

Додгоҳ Парвиз Мусофировро бар асоси моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷрим шинохта, ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабс кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.