Ба собиқ фармондеҳи саҳроии замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Хӯҷа Каримов маъруфтар бо номи “Хӯҷа-командир” пас аз айбномаҳои нав боз 30 соли зиндони низомаш шадид таҳдид мекунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
“Беш аз 15 кас дар мавриди гаравгонгирӣ, одамкушӣ, роҳзанӣ аз сӯи Хӯҷа Каримов шикоят карданд. Покуратура парвандаро ба Суди олӣ фиристод. 30 сол ҳабс талаб карданд. Ҳукм рӯзҳои наздик эълон мешавад”, - хабар додааст ба Радиои Озодӣ як манбаъ.
Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баррасии парвандаҳои нави падарашро тасдиқ карда, аммо гуфтааст, бо талаби додситон ва иттиҳомҳои эълоншуда розӣ нест.
“Ҷиноят содир шудааст ё не, чизе гуфта наметавонам. Он солҳо хурд будам. Аз он ҷое, ки падарамро мешиносам, бовар надорам, ӯ чунин ҷиноят кардааст. Ҳама вақт ба ин бовар ҳастам, ки падарам ҷинояткор нест. Худаш ҳам ҷинояткориро тасдиқ намекунад" – иброз доштааст Наргиси Абдураҳим.
Назари вакили мудофеи Хӯҷа Каримов ҳанӯз дастрас набуда, ҳамсуҳбати Радио дар Додситонӣ, ки аз парвандаҳои Хӯҷа Каримов огоҳ аст, гуфтааст, ӯ дар мурофиа баъзе аз иттиҳомҳоро қабул накардааст.
Моҳи марти соли гузашта Хӯҷа Каримов ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Мақомоти интизомӣ он замон гуфта буданд, ки Каримов бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, муттаҳам аст. Ин парвандаҳо дар бораи рӯйдодҳои давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон аст. Он замон Хӯҷа Каримов фармондеҳ ё ҷангсолори Фронти Халқӣ буд.
“Хӯҷа-командир” моҳи августи соли 2019 дар Дубай боздошт шуд. Бо дархости мақомоти Тоҷикистон ӯ ба рӯйхати шахсони таҳти пайгард қарордоштаи Интерпол шомил гардида буд. Баъди чанде ВАО хабар доданд, ки ӯ бо баёноти тарк накардани маҳалли зист то баррасии масъалаи истирдод раҳо шудааст. Моҳи феврали соли 2020 дар ниҳояти кор ӯ аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ба ватан истирдод шуд.
Хӯҷа Каримов Тоҷикистонро соли 2001 тарк карда, баъдан дар Малайзия ба сар мебурд. Ӯ ба тиҷорат машғул шуда, мунтазам ба АМА равуо дошт.
Шоҳидони ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон "Хӯҷа-командир”-ро ба бераҳмии хос нисбат ба мардуми осоишта муттаҳам мекунанд. Мақомот изҳор мекунанд, ки ӯ дар куштори ду вакили парлумони Тоҷикистон - Саидшо Саидов (Шоев) дар соли 1993 ва Тағай Шукуров дар соли 1997 даст дорад.
Соли 2019 “Хӯҷа-командир”-ро инчуин ба даст доштан дар фурӯши занон, ки аз Тоҷикистон ба Дубай барои фоҳишагарӣ фиристода мешуданд, айбдор карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста