Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бар асоси шикояти шавҳари Шоҳида Маҳмадҷонова, ки гуфта мешавад чанд рӯз боз нопадид аст, барои муайян намудани макони нигоҳдорӣ ва таҳқиқи қазияи ӯ вакили дифоъ ҷудо кардааст. Дар ин бора аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Шоҳида Маҳмадҷонова модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон 09 аст, ки аз 3-юми феврали соли 2022 баъди рафтан барои гирифтани телефонаш аз як корманди  ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бедарак шудааст.

Манбаъ аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ гуфт, ки дирӯз, шавҳари Шоҳида тариқи ариза ба онҳо муроҷиат намуд ва онҳо корро оғоз намуданд.

- Ба мо дирӯз наздикони Шоҳида Маҳмадҷонова муроҷиат карданд ва мо адвокат ҷудо кардем. Ҳоло ба тамоми сохторҳио марбута барои муайян намудани макони нигоҳдории Шоҳида Маҳмадҷонова мактуб ирсол кардем. Адвокат кор карда истодааст. Ягон хабар шуд, наздикон ва расонаҳоро огоҳ мекунем, - гуфтанд аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар суҳбат бо “Азия - Плюс”.

Ҷудо кардани адвокат барои муайян крадани макони нигоҳдории Шоҳида Маҳмадвонова дар ҳолест, ки модари ӯ, Идимо Маҳмадҷонова аз нопадид шудани духтураш нигарон аст ва ду рӯз аст, ки дар ба дари мақомот Шоҳидаро мекобад.

Ӯ зимни суҳбат, баъд аз зуҳри имрӯз бо “Азия-Плюс” гуфт, “то ба ҳол аз духтараш ҳеҷ хабаре надоранд”.

Идимо Маҳмадҷонова
Акс аз радиои "Озодӣ"

Ӯ афзуд, барои пайдо кардани духтараш онҳо, рӯзи 7-уми феврал ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен мактуб исрол карданд ва аз онҳо хоҳиш намуданд, ки макони нигоҳдории ӯро муайян намоянд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзи 3-юми феврал ба идораи пулиси шаҳри Ваҳдат даъват шуда, то ҳол бедарак аст.

Идимоҳ Маҳмадҷонова гуфт, бори охир, рӯз 3-юми феврал, бо духтараш суҳбат дошт ва гуфта буд, ки телефонашро аз идораи пулиси шаҳри Ваҳдат гирифта, ба хона меояд, аммо наомад.

Наздикон ба ҷустуҷӯи Шоҳида Маҳмадҷонова ба идораи пулиси шаҳри Ваҳдат ва мақомоти дигари қудратӣ дар ин шаҳр ва шаҳри Душанбе рафтанд, вале ному нишоне аз ӯ наёфтанд.

Кӯшиши “Азия - Плюс” низ дар робита ба муайян карадани макони нигоҳдории Шоҳида Маҳмадҷонова ҳам  натиҷа надод.

ШКД-и Ваҳдат, тамоси телефониро қатъ кард

ШВКД дар шаҳри Ваҳдат

“Азия-Плюс” барои гирифтани иттилоъ ба Шуъбаи корҳои дохилии Ваҳдат тамос гирифт. Зеро, ба гуфтаи наздикони Шоҳида Маҳмадҷонова чанде пеш телефони ӯро корманди аз ин ниҳод бо номи Парвиз гирифта будааст ва ӯ рӯзи 3-юми феврал барои гирифтани телефонаш ба ШКД рафтааст, ки бо ҳамин макони буду бошаш маълум нест ва ба зангҳои телефонӣ посух намедиҳад.

Дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, Қосим Раҳимзода, муовини сардори ин ниҳод дар як тамоси телефонӣ, пас аз салому алейк, баъди шунидани суол телефонро қатъкард ва дигар ба зангҳои мо посух надод.

Тамосҳои такрори ба такрори мо ба худи Раҳимзода, ШКД-и шаҳри Ваҳдат дигар натиҷа надод.

“Азия-Плюс” дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳам муваффақ нашуд, ки маълумоте дар ин хусус ба даст биоварад.

Шоҳида Маҳмадҷонова дар боздоштгоҳи пулиси Душанбест?

Бархе шоҳидон ба пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова, гуфтаанд, ки гӯё ӯро ду рӯз пеш дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ дидаанд ва гӯё ӯ аз ШКД-и Ваҳдат ба ин ҷо интиқол дода шудааст ва дар онҷо нигоҳдорӣ мешавад.

Кӯшиши мо барои дарёфти иттилоъ аз ин ниҳод низ бенатиҷа анҷом ёфт. Аз бахши навбатдории ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки додани иттилоъ дар мавриди шахсияти онҳое, ки дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд, салоҳияти сардори боздоштгоҳ аст.

Сардори ин боздоштгоҳ, Шерафган Мирзоев дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” дар боздоштгоҳ будани Шоҳида Маҳмадҷоноваро на таъйид кард ва на рад, кӯтоҳ гуфт, ки “ман дар ин бора ягон ахборот дода наметавонам”ва сӯҳбатро қатъ кард.

Қазия модари Абдураҳмон 09

Шоҳида Маҳмадҷонова
Акс аз радиои "Озодӣ"

Панҷ рӯз нопадид ё бедарак шудани Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, кормандони пулис ҳақ доранд шахсро танҳо то 72 соат боздошт ва нигоҳ доранд. Баъди ин ё қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир мешавад ё шахс бояд озод гардад.

Аммо мақомот то кунун ҳеч иттилое дар бораи боздошт ё содир шудани қарори додгоҳ дар бораи боздошти ӯ чизе намегӯянд.

Шерзод Маҳмадҷонов ё Абдураҳмон 09 дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” даъватҳои модараш аз сӯйи мақомот ва ҳодисаи ахирро ба фаъолияти блогерии худ ва нашри наворҳои интиқодиаш дар мавриди сатру ҳиҷоб ва дигар ҳуқуқҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқодҳо аз мансабдорони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт медиҳад.

Ин блогери ҷавон, ки ҳоло дар Олмон паноҳанда аст, ба мақомот, аз ҷумла масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, ВКД, Кумитаи дин ва ниҳодҳои дигар занг зада, дар бораи сатру ҳиҷоб баҳс карда, сабти ин суҳбатҳоро дар Интернет мегузорад.

Шерзод Маҳмадҷонов бовар дорад, ки маҳз танқидҳои ӯ сабаб шудааст, ки ба модараш фишор биёранд. Ба иддаои Шерзод, мақомот аз модари ӯ талаб кардаанд, ки аз писараш бихоҳад, то ба Тоҷикистон баргардад ва ӯро афв мекунанд. 

Шерзод Маҳмадҷонов ё Абдураҳмон 09

Ин блогери тоҷик гуфта, бори аввал нест, ки мақомот ба модараш фишор меоранд. Аввали соли 2020 низ Шоҳида Маҳмадҷоноваро  ба хотири танқидҳои писараш аз кор дар бемористони шаҳри Ваҳдат ронданд. Масъулони бемористон он вақт гуфта буданд, ки ӯ бо хоҳиши худ ариза навишт.

Дар ҳамин ҳол, то кунун ҳеч ниҳоди расмӣ, аз ҷумла мақомоти қудратӣ дар мавриди ҳодисаи даъват шудани Шоҳида Маҳмадҷонова ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат ва ба дунболи он бедарак шудани ӯ изҳори назар накардаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.