Кормандони Хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон зиёда аз 3 млн рубл дарёфт намуданд, ки бо эъломия (декларатсия) ба расмият дароварда нашудааст. Ӯ мехостааст пулро аз Маскав ба Истанбул барад.

“Мусофири хатсайри Маскав - Истанбул дар фурудгоҳи Домодедово тариқи долони “сабз” гузашта, ҳангоми пурсиши шифоҳӣ изҳор намуд, ки бо худ ҳудуди 2 млн рубл пули нақд дорад. Аммо дар санҷиши гумрукӣ шаҳрванди Тоҷикистон 2,9 млн рубл ва 3 ҳазору 500 доллар пешниҳод кард”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти гумруки Домодедово.

Гуфта мешавад, маблағи умумии пуле, ки ғайриқонунӣ интиқол меёфт, бо ҳисоби доллар 33 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Русия корҳои таҳқиқу санҷиш гузаронда мешаванд.

Дар охир хотиррасон мешавад, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) маблағи пулии баробар ба 10 ҳазор доллари ИМА бояд ҳатман тариқи хаттӣ бо эъломия ба расмият дароварда шавад.

Сурат: domodedovo.customs.gov.ru

Зимни бо эъломия ба расмият даровардани маблағи зиёда аз 100 ҳазор доллари ИМА ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаҳои даст овардани ин миқдор пул зарур аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.