Додгоҳи вилояти Суғд дар соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии  марз ба ҷавобгарӣ кашидааст. Дар ин бора Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, вале ҷузъиёти парвандаи маҳкумшудагонро ошкор накард.

Ӯ дақиқан нагуфт, ки чанд нафар аз ин шаҳрвандони қирғиз ҷарима шудаву чанд нафар маҳкум ба зиндон шудаанд.

“Соли гузашта 27 парванда нисбати 39 нафар аз рӯйи моддаи 335-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “убури ғайриқонунии марз” баррасӣ шуда онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳамаи ин нафарон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд”,- гуфт, Бахтиёр Оқилзода.

Моддаи 335-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон) аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми ин моддаи кодекси ҷиноӣ  “ғайриқонунӣ, бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон” аст, ки ҷазои ҷарима аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 2 то 5 солро дар бар мегирад.

Қаблан Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд дар нишасти хабарии нимсолаи соли 2021 гуфта буд, ки дар ин давра 19 нафар шаҳрванди Қирғизистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ҷазо гирифта буданд. Оқилзода гуфта буд, “нисбати 18 нафари онҳо ҷазои ҷарима ва нисбати як нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст. Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати 13 нафар, дар суди шаҳри Исфара ва Конибодом парвандаи 3 нафарӣ баррасӣ шуда, онҳо ҷазо гирифтанд”, - гуфта буд, раиси додгоҳи Суғд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврал гуфта буд, ки дар пайи даргириҳои  шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда боз кардааст.

Ӯ гуфт вобаста ба ҳодисаҳои ахири марзӣ “аз ҷониби ман парванда боз шуд, марзбонҳо ва баъзе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар содир намудани ҷинояти муайян гунаҳкор мешаванд ва тафтишот давом дорад”.

Аммо Юсуф Раҳмон нагуфт, ки ин парвандаҳо алайҳи чанд нафар ва бар асоси кадом моддаҳои ҷиноӣ боз шудаанд

“Вобаста ба муноқишаи моҳи апрели соли гузашта дар марз бо Қирғизистон низ парванда боз шуда, баъзе гунаҳкорон муйян ва дастгир шуданд, бархеи дигар дар кофтукоб қарор доранд ва дар сурати дастгир шудан мо онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашем”, - илова кард додситони кулли Тоҷикистон.

Қирғизистон пас аз муноқишаи хунини моҳи апрели соли 2021 марзаш бо Тоҷикистонро баст. Дар пайванд ба ин муноқиша Қирғизистон низ чанд шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми “ҷиноят бар зидди сулҳ” ва “ғоратгарӣ”-барои муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.