Додситони вилояти Суғд алайҳи як сокини шаҳри Истаравшан бо ҷурми дуздидани барқ барои кори дастгоҳои электронӣ ва тиҷорати рамзарз (криптовалют) парвандаи ҷиноӣ боз карда зарарро рӯёнидааст. Мақомот мегӯяд, ин шаҳрванд аз ҳисоби дуздидани қувваи барқ ба давлат ба маблағи 560,3 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст

Фурқат Хоҷазода додситони вилояти Суғд, рӯзи 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ аз ин сокини шаҳри Истаравшан Шуҳрат Абдураҳмонов ном бурд. Вай гуфт, ӯ бидуни сабти ном дар мақомоти андоз аз моҳи январ то охири моҳи декабри соли 2020 дар хонаи истиқоматияш дар маҷмӯъ 24 адад дастгоҳи электрониро ба таҷҳизоти барқӣ пайваст намуда даст ба дуздии барқи давлат задааст.

“Тавассути ин дастгоҳҳои электронӣ, ки тариқи барномаҳои махсуси интернетӣ ба фондҳои гуногун иқтидори ҳисоббаробарии таҷҳизотҳояшро пешкаш намуда, бар ивази он крипто-асъор ба даст оварда онро тариқи барномаҳои махсуси интернетӣ дар биржа ба фурӯш баровардааст. Дар натиҷаи ин фаъолият зиёда аз 60 ҳазор сомониро тавассути корти як қатор бонкҳо нақдӣ кунонида, ҳангоми пешбурди ин фаъолият қувваи барқро дуздида ба давлат ба маблағи 560,3 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст”,-гуфт Фурқат Хоҷазода.

Мақомоти додситонӣ дар робита ба дуздии барқ алайҳи ин сокини шаҳри Истаравшан соли 2021 бо моддаи 253 қисми 3 банди “Б” “расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ” ва 259 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, “соҳибкории ғайриқонунӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Дар раванди тафтиш зарари расонида шуда ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст.

Оғози соли гузашта Раёсати андоз дар вилояти Суғд аз ошкор шудани чаҳор нафар сокинони шаҳру ноҳияи Истаравшан ва Ҷаббор Расулов хабар дода буд, ки бо 234 дастгоҳ машғули тиҷорати ғайриқонунии рамзарз ё “Биткоин” будаанд.

Мақомот гуфта буд, ин нафарон аз ҳар як дастгоҳи “криптовалюта” рӯзе 40 доллари амрикоӣ пул кор мекарданд. Ба гуфтаи мақомот ин дастгоҳҳо ҳамагӣ охирҳои соли 2020 фаъол шуда аз кишвари Чин оварда шудааст.

Холис Исломиддинов, сардори шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд рӯзи 14-уми феврали имсол дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, нисбати онҳое, ки ба ин тиҷорат машғул буданд аз сӯйи мақомоти қудратӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, зарари расонидашуда барқарор шуд.

Аммо ӯ дақиқан нагуфт, ки ин нафарон ба ҷузъ дуздии барқ, боз бо чӣ ҷурме ба давлат зарар расонидаанд. Вале Холис Исломиддинов афзуд, ҳоло чунин намуди фаъолият дар қайди мақомоти андоз вуҷуд надорад.

“Дар асоси маълумоти дар мо буда зарари расонидашуда аз барқу дигар ҳисобҳо барқарор карда шудааст ва минбаъд фаъолият намекунанд, яъне дар қайд намебошанд”.-гуфт, ӯ.

Қаблан як масъули мақомоти андози Суғд тиҷорати рамзарз ё “биткоин”-ро “хавфнок ва халалрасону монеи пешрафти ҷомеъаи имрӯза” номида буд.

Бино ба иттилои мақомоти андоз, айни ҳол дар вилояти Суғд зиёда аз 190 соҳибкори инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ расман дар қайд мебошанд, ки бо тиҷорати электронии хизматрасониҳои иҷрои корҳо, тарғибу ташвиқ ба мисли молрасон, хаткашон (курер) сабти ном шудаанд. Соли гузашта, аз ин хидматрасониҳо ба маблағи 1 млн 463 ҳазор сомонӣ андоз ситонида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.