Шамшод Сулаймонови 27-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз ҷониби кормандони милитсияи Душанбе барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази пойтахт боздошт ва ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, шоми 24 феврал ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш ӯ дар болои автомашинаи тамғаи «БМВ» бо овози баланд доду фиғон намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии атрофиёнро халалдор сохтааст.

“Ҳамзамон ин амали худро намоишкорона ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст, ки боиси вокунишҳои манфии истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ гардидааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шамшод Сулаймонов тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.