Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои русиягии худ даъват намуд, ки ҳодисаи занозании гурӯҳиро байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз пайгирӣ намояд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорат.

“Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вобаста ба ҳодисаи занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки 8-9-уми марти соли 2022 дар корхонаҳои бузурги корхонаи коркарди гази Амур ва Маҷмаи гази кимиёвии Амур рӯй дод, ба вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Колоколтсев В.А. ҷиҳати сари вақт мавриди тафтиш ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани ин ҳодиса барқия ирсол намуд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, инчунин, намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП), генерал-майори милитсия Абдусаттор Фатозода ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ машғул аст, вазифадор карда шуд, ки бо ҳамтоёни худ дар Русия дар алоқа бошад ва ба рафти тафтишот кӯмак расонад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 8-9 март дар майдони сохтмони корхонаи коркарди гази Амурск, ки дар наздикии шаҳри Благовешенск воқеъ аст, байни муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон занозании гурӯҳӣ рух дод.

Дар навори видеои ҳодиса дида мешуд, ки даҳҳо нафар коргарон бо сарулибоси бинокорӣ бо ҳам занозанӣ ва доду фарёд мекунанд. Тибқи баъзе маълумот, дар ин ҷанҷол тақрибан 500 нафар иштирок кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.