Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки як марди 42-солаи сокини Душанбе дар чанд маврид аз сокинон бо ваъдаи додани хона дар биноҳои навсохт, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат пул гирифта, ба онҳо хона надодааст.
Ҳарчанд ВКД ному насаби ин сокини пойтахтро нашр накардааст, вале гуфтааст, ки таҳқиқи қазия идома дорад.
Ҳарчанд ин ниҳод дар мавриди боздошти ин нафари гумонбар чизе нагуфтааст, аммо дар як хабарномае, ки сайти ВКД нашр кардааст гуфта мешавад, ки як сокини Душанбе ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардааст, ки моҳи августи соли 2020, марди 42-солаи сокини пойтахт аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои навсохти кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат ба хонаи истиқоматӣ мегирад, ки то кунун ин ваъдаашро иҷро накардааст.
ВКД ин амалро "бо роҳи фиреб ба боварӣ даромадан" номидааст.
Ҳамчунин дар ин хабарнома омадааст, ки ин сокини Душанбе "ҳамин тариқ, 28-уми майи соли 2020, ба боварии сокини ноҳияи Восеъ даромада, 133 ҳазор сомонӣ, 8-уми октябри соли 2018 аз як сокини шаҳри Ваҳдат 127 ҳазор сомонӣ ва моҳи августи соли 2019 аз сокини дигари шаҳри Ваҳдат 122 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи гирифтаашро то ҳол барнагардонидааст".
Ҳамчунин ВКД аз боздошти як сокини 19-солаи ноҳияи Файзобод бо гумони дуздии 75 ҳазор сомонӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, ки ин ҷавонро 23-юми март пас аз шикояти зани соҳиби ин пулҳо дастгир кардаанд, ки пулҳояш аз сандуқ, аз хонааш дуздида шудаанд.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд",-омадааст дар хабарномаи ВКД.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста