Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки соли гузашта ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, иттиҳом ё боз шудани парвандаи нав (қаллобӣ) - ро алайҳаш рад намудааст. Баъди вохӯрии ӯ бо даъвогар, қазия ба гардиши нав ворид шудааст. Дар ин бора писари Иззат Амон Муҳаммадюсуф Холов ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ки чанде пештар Иззат Амон дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо даъвогар Нурулло Воҳидов, ки гуфта мешуд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вохӯрд ва иттиҳоми пешовардаи ӯро рад кард.

Дар вохӯрӣ, Воҳидов тасдиқ намудааст, ки бар ивази 6 ҳазор доллари қарзаш як мошини тамғаи “Мерседес” - ро гирифтааст ва акнун даъво дорад, ки 4 ҳазор доллари боқимондаро баргардонад. Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон гуфт, 4 ҳазори боқимондаро ба ҳамсари русаш дар Маскав расондааст.

- Ҳамин тариқ, парванда ба гардиши нав ворид ва акнун Нурулло Воҳидов даъво дорад, ки 4 ҳазор доллари қарзашро диҳем. Дар ҳоле ки падарам ба ӯ исбот намуд, ки ба зани русаш 4 ҳазори дигарро додааст. Вале ҳоло мушкил сари ин аст, ки зани руси даъвогар бедарак аст ва дар куҷо қарор доштанаш маълум нест, - гуфт Муҳаммадюсуф.

Ба иттилои манбаъ, алайҳи Иззат Амон бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ) паврандаи нав боз шудааст.

Саидбурҳон Шарипов, вакили дифои Иззат Амон ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар парванда забонхати Иззат дар мавриди гирифтани маблағ вуҷуд дорад.

“Ба ҷойи 6 ҳазор доллар мошин додаанд, ки инро ҷабрдида эътироф кард. Ҳоло баҳс сари 4 ҳазор доллари дигар давом дорад. Иззат мегӯяд ба кадом русзане бо номи Таня додааст, аммо ягон далели хаттӣ надорем. Исботи ин беҳад мушкил аст. Рубарӯкунӣ гузаронидем, ҳар касе дар мавқеи худ истодааст”,-гуфт Шарипов.

Ёдовар мешавем, ки як моҳ пештар наздикони Иззат Амон аз боз шудани парвандаи нав алайҳи ӯ хабар дода буданд. Модари Иззат Амон, Ашӯрбибӣ Холова, дар суҳбат бо “Азия - Плюс” боз шудани парвандаи нав алайҳи писарашро беасос дониста, гуфта буд, ки ин масъала ҳафт сол пеш ҳал шудаасту ниёзе ба боз кардани паврандаи нав надошт.

Ӯ афзуда буд, масъала сари 10 ҳазор долларе аст, ки ҳанӯз ҳафт сол пеш ҳал шудааст.

- Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он, 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд,- гуфт модари Иззат Амон.

Он замон, Саидбурҳон Шарипов вакили дифои Иззат Амон гуфта буд, ки аз қазия огоҳ аст ва барои исботи иттиҳом дар парвандаи нав алайҳи Иззат Амон ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост фиристодааст.

Бояд гуфт, ки ҳудуди се моҳ пеш дар “Ютуб” наворе пайдо шуд, ки марде худро Нурулло Воҳидов, сокини ноҳияи Бохтар муаррифӣ карда мегӯяд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вале ӯ ваъдаашро иҷро накард.

Ин мард мегӯяд, забонхати Иззат Амонро баро гирифтани 10 ҳазор доллар дар даст дорад.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошт.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.