Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Ҷамшед Ғаффоров, як корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми талаби пора дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ боздошт намудааст.
Маркази матбуотии Оҷонсӣ дар шарҳи хабари боздошти ӯ навиштааст, ки мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович аз шаҳрванд “А” барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, 10000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуда истодааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки худи шаҳрванд “А” аз Оҷонсии зиддифасод хоҳиш кардааст, ки нисбати ин нозири андоз чораи қонунӣ андешида шавад.
- Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғаффоров Ҷ.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд, - навиштааст Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон.
Нисбати Ҷамшед Ғаффоров бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, , бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол гардид.
Дар асоси ин модда ба Ғаффоров ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (233 ҳазору 600 то 584 ҳазор сомонӣ) ё то се соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳоли ҳозир назари Ғаффоров ва наздикони ӯ дар мавриди ин иттиҳом ба расонаҳо маълум нест.
Талаби 10 ҳазор сомонӣ барои қатъи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби як корманди мақомоти андоз дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ се моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 7,3 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд.
Чаро Кӯлоб аз истифодаи неруи барқ 35 млн доллар қарздор шуд?
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Франк-Валтер Штайнмайер
Ширкати “Крокус Групп”-и Русия беш аз 40 млн рубл қарзаш аз муҳоҷирони тоҷикро пардохт кардааст
Гумруки Тоҷикистон: вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба эътидол омад
Таҳдиди 51 ҳазор сомонӣ ҷарима барои таҷлили зодрӯз
Пас аз 5 моҳи боздошт, Русия 26 шаҳрванди Тоҷикистонро хориҷ кард
Як ҳафтаи ҷаҳон: Оё Русия ба уҳдадориҳои иттифоқчигиаш нисбат ба дигар аъзои ИДМ содиқ мемонад?
“Манфиатдор нестем, аммо вазъ талаб мекунад”. “Барқи Тоҷик” аз эҳтимоли норасоии мавсимии неруи барқ хабар дод
Шаҳрҳои бе дӯкони рӯзномафурӯшии Суғд ва нашрияҳои бехаридор
Дар ҷашнвараи кинои Тошканд Тоҷикистон чӣ намоиш медиҳад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста