Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро дар як посухи катбӣ (хаттӣ) ба "Азия-Плюс" таъйид кард. Аммо Оҷонсӣ рӯшан нагуфтааст, ки Муҳаммадзода боздошт шудааст ё не.

Дар баробари раиси Додгоҳи Хуҷанд, ҳамчунин Оҷонсии зиддифасод аз боз шудани парванда алайҳяи як додрас (судя)-и додгоҳи ҳамин шаҳр Рустам Маҳмадсаидзода низ хабар додааст. Ин ниҳод ҳамчунин Шаҳидҷон Ҳоҷибоев, як вакили дифоъро низ бо се банди қонун “гирифтани пора”, “шарикони ҷиноят” ва қаллобии махсусан калон гумонбар дониста, дар баробари ду дорас алайҳи он низ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аммо дар посухи катбии Оҷонсӣ ба таври равшан нагуфтааст, ки ин нафарон ҳоло дар боздоштанд ё не.

Дар посухи ин ниҳод, ки рӯзи 16-уми май ба "Азия-Плюс" расид, гуфта мешавад, ки  “нисбати Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ва Маҳмадсаидзода Рустам Муҳаммадсаид бо моддаи 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо моддаҳои 36 қисми 5 “шарикони ҷиноят”, 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва 247 қисми 4 банди “б” “қаллобӣ”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда айни замон тафтиши пешакии он идома дорад”.

Бино ба маълумоти дарёфти "Азия-Плюс" амалиёти боздошти ин ду додрас ва як вакили дифо нимаи моҳи апрели имсол сурат гирифта буд, аммо он замон ниҳодҳои расмӣ ин иттилоъро тасдиқ ва рад накарданд. Дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳам он замон боздошти раис ва додарасро ба хабарнигори "Азия-Плюс" тасдиқ накарда буданд. 

Оҷонсии зидди фасод ва Додгоҳи олии Тоҷикистон барои ҷузъиёт дар ин маврид он замон дархости расмии катбӣ хоста буданд. Бо вуҷуди  25 рӯз гузаштан (аз 28-уми апрел) аз дархости расмӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон то кунун ба дархост посух надодааст ва масъалаи боздошту боз шудани парвандаро низ то кунун шарҳ надодааст.

Ҳарчанд дар посухи Оҷонсии зиддифасод аз боз шудани парванда алайҳи Ҳомидҷон Муҳаммадзода, Рустам Маҳмадсаидзода ва вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо ҷурми “гирифтани пора”  гуфта мешавад, аммо ин ниҳод аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кардааст. 

Маълум нест, ки ин се нафар бо ҷурми гирифтани чӣ миқдор маблағ ва дар куҷо боздошт шудаанд. Аммо қаблан чанд манбаъ аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфта буданд, ки “гӯё додрас ва вакили дифоъ берун аз бинои додгоҳ ва дар наздикии манзили худ” рӯзи 22-уми апрел боздошт шудаанд.

Оҷонсӣ мегӯяд, ки “пешниҳоди дигар маълумотҳо... метавонад ба рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ халал расонида, боиси поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлат ва иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ гардад, ки айни замон пешниҳоди он ғайриимкон аст”.  

Охири моҳи апрел, чанд манбаъи муътамад аз Додгоҳи вилояти Суғд боздошти додарси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва вакили дифоъро таъйид карда буданд, аммо дар мавриди боздошти раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд чизе нагуфта буданд.

Ин манбаъ гуфта буд, ки  зимни як амалиёте аз суйи Оҷонсии зиддифасод (дафтари марказӣ)  ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт шудаанд. 


Қаблан радиои "Озодӣ" ҳам дар охири моҳи апрел хабар дода буд, ки гӯё “Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Додгоҳ (Суд)-и шаҳри Хуҷанд, дар ҷараёни амалиёти ноком барои боздошташ ба таври мармуз "нопадид" шудааст”.

Дар оғози моҳи май низ ду боре, ки хабарнигори "Азия-Плюс" ба бинои Додгоҳи Хуҷанд барои суҳбат бо худи Ҳомидҷон Муҳаммадзода рафта буд, иҷозаи вурудро пайдо накард. Дар қабулгоҳ иҷозаи вуруд ба биноро надоданд ва ҳамчунин касе ҳозир нашуд, ки ҳодисаро шарҳ диҳад. Танҳо чанд нафар дарз қабулгоҳ гуфтанд, раис “чанд рӯзи охир бинобар беморӣ дар ҷойи кор нестанд”.

Аммо рӯзи 5-уми май, масъули қабулгоҳи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба чанд рӯзноманигор гуфта буд, ки “Ҳомидҷон Муҳаммадзода рӯзи шанбеи 30-уми апрел дар қабули шаҳрвандон буд” ва ин гуфтаи ӯро як  шаҳрванд, ки ӯ низ он рӯз ба қабули раиси додгоҳ рафтааст, тасдиқ карда буд.

Ҳомидҷонс Муҳаммадзода, соли 1963 дар шаҳри Истаравшан зода шудааст. 25 ноябри соли 2021 раиси Додгоҳи Хуҷанд таъин шудааст. Қабалн дар мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Додгоҳи Хуҷанд, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, раиси Додгоҳи ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитаменниз кор кардааст.

То таъин шуданаш дубора ба мақоми раиси Додгоҳи Хуҷанд додраси Додгоҳи Суғд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов буд. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон бо ордени «Шараф» низ мукофотонида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.