Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ду хукпарварро, ки дар заҳролуд ё ифлос кардани замини ҳудуди атрофи мавзеи Рухак муттаҳам мешуданд баррасӣ карда, ба даелили пушаймонӣ аз кирдор аз ҷавобгарӣ озод кардааст.

Яке аз онҳоро соли гузашта додгоҳи Ҷаббор Расулов бо ҷурми “ифлос ё олуда кардани обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ”-и мавзеи Деҳмойи ҳамин ноҳия 1 солу 6 моҳ ба корҳои ислоҳӣ ҷазо дода буд. Моликони ферма мегӯянд, дар мурофиаи ахир, ҷаримаи аз суйи Идораи ҳифзи муҳити зист бастаро пардохт карданд, камбудиҳо ислоҳ шуд ва ҳоло ба кори худ идома медиҳанд.

Як манбаъи наздик ба парванда аз додгоҳи вилояти Суғд, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳукми моликони фермаи хукпарварии мавзеи Рухаки ҳамин ноҳияро содир кард. Нисбати Даврон Мустафоев ва шарики ӯ Насим Дӯстматов, ки бо парвариши садҳо сар хук машғуланд, оғози сол аз рӯйи моддаи 228, қисми як “хароб кардани замин” парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Манбаъ мегӯяд, дар мурофиаи рӯзи 20-уми май “парвандаи молики фермаи хукпарварӣ бинобар пушаймонӣ аз кирдор дар асоси моддаи 72-и Кодекси ҷиноятӣ қатъ карда шуд”

Даврон Мустафоев, молики фермаи хукпарварии мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-Плюс” таъйид кард, ки дар мурофиа аз кирдори худ пушаймон шуда, баъди пардохти 15 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима ва ислоҳи камбудӣ аз ҷавобгарӣ озод шуданд. Ин миқдор ҷаримаро қаблан Идораи ҳифзи муҳити зисти Суғд, зимни як санҷиш муайян карда гуфта буд, пасмондаҳои хукҳо ба қабати ҳосилхези замин зиён расондааст.

“Мо ҳама ҷойи ифлосро бо ҷалби техникаҳо тоза кардем, ки мутобиқи талабот шуд. Он талаботе, ки масъулини ҳифзи муҳити зист пеши мо гузошта буданд иҷро кардем. Ягона камбудии мо он буд, ки берун аз девори ферма чуқурие кофта поруро дар он ҷо ҷамъ мекардем. Ҳоло дар дохили ферма чуқурии дигар кофтем ва он чӣ кӣ хоста буданд иҷро кардем”,-гуфт молики ферма.
Фермаи хукпарварии Рухак
Акси Asia-Plus

Насим Дӯстматов, шарики Даврон Мустафоев, соли гузашта низ аз сӯйи Идораи ҳифзи муҳити зист ҷарима шудаву баъдан парвандаи ӯ ба додситону додгоҳ кашида шуда буд. Дӯстматов дар мавзеъи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов фермаи хукпарварӣ дошт ва дар он 300 сар хук парвариш мекард. Мақомот ӯро ба такроран партофтани ахлоту пешоби хукҳояш ба дарёи Сир муттаҳам карданд ва моҳи августи соли 2021 додгоҳи Ҷаббор Расулов ӯро бо ҷурми “ифлос ё олуда кардани обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ” гунаҳкор дониста ба мӯҳлати 1 солу 6 моҳ ҷазои ислоҳӣ дод. Пас аз шикояти мардум ва ҳукми додгоҳ Насим Дӯстматов хукҳояшро аз мавзеи Деҳмой ба мавзеи Рухак кӯчонд.

Даврон Мустафоев, мегӯяд, онҳо дар ин ферма 500 сар хук парвариш мекунанд, ки қисми зиёди он ба Дӯстаматов таъаллуқ дорад. Вай афзуд, ин мавзеъ аз қабл нообод буд ва партовҳои зиёди ҳудуди Хуҷанду Бобоҷон Ғафуровро дар ин ҷо оварда мепартоянд.

“Худи ман аз бонк 100 ҳазор сомонӣ қарз гирифтам, ҳамроҳам аз се бонк ва ҳамин фермаро сохтем, аммо аз қарзи бонк халос нашуда моро чандин ҳазор ҷарима карданд. Мо аз маҷбурӣ ба ҳамин кор даст задаем. Ман нафақахӯр ҳастам аз дастам мардикорӣ намеояд, 7 фарзанд дорам онҳоро хӯронда пӯшондан лозим аст. Дуруст хук барои мо ҳаром аст, вале мо касеро маҷбур намекунем гӯшти онро хӯрад. Мо гӯшти хукро танҳо ба чиниҳое, ки омада дар Душанбе кор карда истодаанд мефурӯшем”,-гуфт Мустафоев.

Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд моҳи феврали имсол зимни нишасти хабарияш гуфта буд, ҳамагӣ чанд рӯз пештар фермаи хукпарвариро дар мавзеи Рухаки Бобоҷон Ғафуров кашф карданд. Ӯ гуфта буд, ҳоло санҷиш ба анҷом нарасидааст ва кор идома дорад.

Аммо моликони ферма мегӯянд, аз қабл он ҳар санаде, ки барои фермаҳои чорвопарварӣ дода мешавад онҳо низ доштанд ва ҳамчун соҳикбори инфиродӣ андозсупоранда ҳастанд.

Даврон Мустафоев мегӯяд, иҷозатномаи фаъолиятро низ аз Идораи ҳифзи муҳити зист гирифта буд, вале онҳоро бо ҷурми як иштибоҳе, ки ҷуқурии партовро берун аз бинои ферма кофта буданд чаримаи калон карданду баҳс то ба додгоҳ кашида шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.