ВКД Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни амалҳои фаврӣ корманди ВКД Тоҷикистон барои интиқоли маводи нашъаовар боздошт шудааст. Дар хабар зикр мегардад, ки боздоштшуда узви гуруҳи нашъаҷаллоб буда, ӯро кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт кардаанд.
Хадамоти матбуоти ВКД Қирғизистон рӯзи 15 июн хабар дод, ки нашъаҷаллобон ба транзит ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва сипас ба Қазоқистон машғул будаанд.

“Онҳо чораҳои махфиро риоя карда, аз таълими махсус гузаштаанд. Муяссар шуд, ки бахшҳои тоҷикиву қирғизӣ ва қазоқии ин гуруҳи ҷиноятпешаро пайгир шавем, инчунин роҳбари гуруҳи нашъаҷаллоб низ муайян карда шуд”, - зикр мегардад дар хабари ВКД Қирғизистон.
Бино ба маълумоти ин ниҳоди Қирғизистон, амалиёти мазкур муддати як сол давом кардааст.
“Тӯли ин муддат созмондиҳандаи гуруҳ шаҳрванди Тоҷикистон О.А., таваллудаш соли 1960 ва узви гуруҳ - сержанти калони милитсия И.М., таваллудаш соли 1982 боздошт шуда, дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-1 нигаҳдорӣ мешаванд”, - омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар гуфта намешавад, ки боздошт кай ва дар куҷо сурат гирифта, чаро боздоштшуда бо либоси корӣ (ӯ либоси корманди БДА-ро дар бар дорад - Эзоҳи идора) дар қаламрави Қирғизистон аст.
Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон 33 килову 241 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки 11 килову 299 грамми он афюн ва 21 килову 942 граммаш ҳашиш мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” маълумоти боздошти корманди худро рад карданд.
«Ин ягон асос надорад. Агар ин ҳақиқат мебуд, мо худамон ин маълумотро дар сомонаи худ нашр мекардем», - гуфтанд дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки «онҳо маълумотро санҷида истодаанд».




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста