Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқи шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки ба гирифтани 3 ҳазору 800 сомонӣ пора айбдор мешавад.

Ин ниҳод, рӯзи 1 август бо пахши хабаре дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод, ки Зоҳирҷон Солиев, назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

- Аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст, - менависад Оҷонсии зиддифасод. 

Ин ниҳод афзудааст,  вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Солиев бо гумони “қаллобӣ” (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши онро ба анҷом расонда, ба додгоҳ супурдааст.

Ин банди қонун аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.