Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар истгоҳи метрои "Тулская" 17 феврали соли ҷорӣ бо маъмурони пулис муноқиша карда буданд, бо қарори додгоҳи Симоновскийи Маскав ба мӯҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар ин бора ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти додситонии Маскав хабар медиҳад.

"Бо назардошти мавқеи прокурори давлатии Прокуратураи метрои Маскав, суд Умари Расулҷонзода ва Саидакрам Ҳамроевро тибқи қисми 1 моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи мақомот, ки барои ҳаёташ хатарнок нест) гунаҳкор донистааст",- менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки додгоҳ Умари Расулҷонзодаро ба 3 солу 6 моҳ ва Саидакрам Ҳамроевро ба 2 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ, аз озодӣ маҳрум кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки 17-уми феврали соли равон расонаҳои русӣ аз муноқишаи бародарон Саидакрами 21-сола ва Умари 18-сола бо кормандони полис дар истгоҳи метрои "Тулская" иттило дода буданд.

Дар наворе, ки аз маҳалли ҳодиса нашр карда шуд, дида мешавад, ду полис як ҷавонро ба шикам хобонда, кӯшиши бастани дастонашро доранд. Дар ҳамон вақт ҷавони дигар аз дур давида, барои раҳоии бародараш кӯшиш мекунад ва бо кормандони полис вориди муноқиша мешавад.

Бояд гуфт, ки яке аз ҷавонҳо дар ҷойи ҳодиса, дуюмӣ рӯзи дигар дастгир карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.