Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини 80-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро бо гумони бадахлоқӣ ва дастдарозӣ ба занон бо истифода аз эътиқоди динӣ боздошт кардаанд.
Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 10 августи соли 2022 тариқи телевизиони давлатӣ нашр кард, гуфта мешавад, ки ин мардро дар асоси шикояти як зани сокини ноҳияи Носири Хусрав, ки гуфтааст мӯйсафед нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё бадахлоқона анҷом додааст, дастгир карданд.
ВКД аз ин мард Рустам Абдураҳмонови 80-сола ном бурдааст, ки “аз соли 2012 инҷониб худро ҳамчун муллои ҷинбарор муаррифӣ карда, ба сеҳру ҷоду ва хондани дуоҳо шахсони хуруфотпарастро ба худ ҷалб мекардааст”.
Дар навор таъкид мегардад, ки “муштариён”-и ин “мулло”-и ҷодугар занони гумроҳ ба ҳисоб рафта, онҳо ба доми фиреби ӯ афтодаанд ва маблағҳои зиёдро сарфи табобатҳои дурӯғин кардаанд.
“Ин марди солхӯрда бо истифода аз боварии динӣ занони дардманди зудбоварро барои ҳалли мушкилоташон ва рафъи дардҳояшон ба ҳамхобагӣ ҷалб карда, гӯё бо ин тарзу усул ба дардҳояшон малҳам мебахшидааст”, - омадааст дар гузориши ВКД.
Худи Рустам Абдураҳмонови 80-сола дар навор изҳор менамояд, ки воқеан ба табобат тавассути дуохонӣ машғул буд, аммо ин кораш нодуруст аст.
Мақомот гуфтаанд, ки нисбати Рустам Абдураҳмонов бо моддаи 142, иловаи 1, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ (ҳаракатҳои бадахлоқона бо сӯйистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ) парванда боз шудааст. Ин модда аз 3 то 7 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон чанд сол пеш низ тариқи телевизион аз боздошти афроде, ки бо истифода аз эътиқоди одамон ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ мекарданд, наворҳои баҳсбарангез нашр менамуданд. Наворҳои мазкур дар ҷомеа баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овард ва бархе онро як маъракаи бадномсозии рӯҳониён дар ҷомеа муаррифӣ карданд. Бархеи дигар нашри наворҳоро ҷиҳати поксозии ҷомеа аз “мулло”-ҳои дурӯғин зарур медонанд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста