Писари гӯштингири маъруфи тоҷик, аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо аз Тоҷикистон Саидмумин Раҳимов ба гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд. Саидаҳмад Раҳимови 22-сола ба куштани шиноси худ - сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Маҳаммадҷовид Зокирзода гумонбар дониста мешавад.
Дар ин бора дар барномаи навбатии телевизионии “Ахбори ВКД” маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Дар гузориши видеоӣ гуфта мешавад, ҳодисаи куштори Зокирзода рӯзи 5 август рух додааст.
“Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ва фавтида байни худ муносибатҳои молиявӣ доштаанд, - зикр шуд дар гузориш. - Қарзи пулӣ ба муноқиша бо анҷоми хунин боис гардид”.
Дар гузориш иттилоъ дода шуд, ки Муҳаммадҷовид Зокирзода бо 17 зарбаи корд кушта шудааст.
“Вақте гардани маро гирифт, дастонам кушода буданд. Чанд бор ӯро тела дода, лекин озод шуда натавонистам. То сар доданаш ба шикаму пойҳояш бо корд зарба задам. Вақте ки маро раҳо кард, дидам, ки хун равон аст. Инро дида гурехтам...”, - нақл мекунад дар навори видео худи Саидаҳмад Раҳимов.
Айни замон Саидаҳмад Раҳимов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин модда аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси якумра ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар бораи дигар ҷузъиёти ҳодисаи мазкур ВКД маълумот надод.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17 август зимни мусоҳиба ба Радиои Озодӣ, модари ҷавони кушташуда Матлуба Ғаниева дар ин робита изҳор намудааст, ки писараш ба тиҷорат машғул буд ва ҳамон рӯз бояд ба Туркия барои маҳсулот парвоз мекард.
"Ҳамон рӯзе, ки мурдаи писарамро оварданд, соати 1 ё 2 бачаи ман билет дошт, бояд мерафт Туркия. Хайрухуш кард. Ба рафиқаш, ки ҳамсинф низ ҳастанд, гуфт, пулро дода наметавонистӣ, мегуфтӣ наметавонам. Рафиқаш ваъда дод, ки медиҳам, рафтем хонаи хусурам. Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст", - гуфтааст модари Муҳаммадҷовид.
Саидмумин Раҳимов (1946-2009) аввалин гӯштингир аз Тоҷикистон аст, ки ба унвони қаҳрамон ҷаҳон оид ба самбо дар соли 1975 шарафёб гардид. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳозир номи ӯро дорад.
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста