Мақомоти пулис дар ҳамдастӣ бо кормандони Росгвардия як маркази муҳоҷирати пинҳониро ошкор намуданд. Қаллобон тақрибан ба 3 ҳазор нафар хориҷиён ҷиҳати вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия кумак кардаанд, хабар медиҳанд ВАО-и Русия.

Намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк иттилоъ додааст, ки дар ташкили ин марказ зодагони кишварҳои хориҷи наздик даст доранд.

Онҳо дар тайёр кардани ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ: кортҳои муҳоҷират, шаҳодатномаи ронандагӣ, патент ва инчунин муҳрҳои сохта хидматрасониҳо пешниҳод мекардаанд.

Дар ҷараёни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ техникаи компютерӣ, муҳрҳо бо рӯзҳои гузаштани сарҳади Русия, муҳрҳои мақомоти давлатии Русия, 29 варақаи пурнашудаи корти муҳоҷират бо зикри гузаштани сарҳади Русия дарёфт ва мусодира шудааст.

Инчунин ба маблағи зиёда аз 1 млн рубл пул дарёфт шудааст, ки эҳтимол аз амалҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст.

Ба ин тариқ, 4 иштирокчии синии аз 27 то 37-солаи гуруҳи муташаккил ба наздики 3 ҳазор хориҷиён барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба қаламрави кишвар имкон додаанд.

“Айни замон 3 нафари онҳо ба ҳабс гирифта шуда,  1 нафар дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва тафтишот идома дорад”, - гуфта мешавад дар хабари Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав.

Гуфта мешавад, барои қонуншиканӣ оид ба тариби будубош дар Русия 18 нафар муҳоҷирон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.