Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Амир Давлатшозода, як ҷавони тоҷикро барои дағалгуфторӣ ва паст задани шаъну шарафи як ҷавонзан 15 шабонарӯз ҳасби маъмурӣ кардааст.

Ин ниҳод гуфт, Давлатшозода дар асоси муроҷиати як ҷавонзан, сокини шаҳри Душанбе дастгир шуда, алфози қабеҳ ва амалу рафтори зиддиахлоқии номбурда, ки дар наворҳо сабт гардидаанд, исботи худро ёфтаанд.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки Давлатшозода Амир ҳангоми дар суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б.Ғафуров қарор доштан, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст”,- мегӯяд РВКД шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки нисбати Амир Давлатшозода бо иттиҳоми майдаавбошӣ (моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) парвандаи маъмурӣ боз шуда, суди ноҳияи Сино ӯро 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.