Додгоҳи шаҳри Бохтар Мадинаи Аҳмад, хоҳари қумандони замоне машҳур Қурбони Чолро ба қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки дар натиҷаи он кӯдаки синфи 2 ба ҳалокат расидааст, гунаҳкор дониста, ба 12 - соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора, Муродзода Мустафо, судяи суди шаҳри Бохтар ба “Asia-Plus” хабар дод.
Муродзода Мустафо, раисикунандаи мурофиаи судии Мадинаи Аҳмад гуфт, ки ҳукм 23 августи соли 2022 содир шудааст.
“Дар рафти мурофиаи судӣ Мадинаи Аҳмад дар содир кардани ҷинояти қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, яъне моддаи 110 қисми 3-и КҶ ҶТ иқрор шуд. Ҳамин тавр, дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи ӯ пурра тасдиқи худро ёфт ва суд ӯро 12 сол аз озодӣ маҳрум кард”, - иброз намуд Муродзода Мустафо.
Ёдовар мешавем, ки Мадинаи Аҳмад, соли таввалудаш 1995, зодаи ноҳияи Кӯшониён хонанадаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Бохтар Зиёдулло Розиқовро 27-уми майи соли равон дар манзили иҷораашон бо миёнбанди чармии мардона лату кӯб мекунад ва дар натиҷа, кӯдаки хурдсол ба ҳалокат мерасад.
“Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷили занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаасифона, кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд”,- гуфта буд як манбаъ.
Маҳкумшуда Мадинаи Аҳмад сабаби лату кӯби кӯдакро дар рафти тафтишоти пешакӣ шарҳ дода гуфтааст, ки Зиёдулло Розиқов, ҷияни шавҳаршавандааш аз ҳамёни ӯ 200 сомониро гирифтааст.
Гуфтан зарур аст, ки Мадинаи Аҳмад хоҳари қумандони машҳур Қурбони Чол аст. Ӯ хахатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар буда, ба ҳайси ёвари директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 и шаҳри Бохтар кор мекардааст.